Рубрики
Асосӣ

Зафаробод: Албом – эстафета дар диёри Зафармандон

Бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30 – солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои арҷгузорӣ ба заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоиши бузурги ҷавонон Албом – эстафета таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” дар ноҳияи Зафаробод  баргузор гардид.

Дар хиёбони Исмоили Сомонӣ  Раиси ноҳияи Зафаробод Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод  Шарифзода Туйгун бо фаъолони ҳизб ва аъзоҳои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вазъияти тантанавӣ Албом – эстафетаро аз Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов     Қудратзода  Тоҳир Толибӣ ва Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов  Набиев Шерзод ва дигар меҳмонон, ки аз ноҳияи Ҷаббор Расулов омода буданд,  қабул намуданд.

Ҳамоиши ҷавонон баъди қабули “Албом – эстафета” дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонии маркази ноҳия бо афрохтани парчам ва шиору овезаҳо идома ёфта,  ба Қасри фарҳанги “Зафар” омад. Дар даромадгоҳи Қасри фарҳанг меҳмонон аз дастовардҳои варзишгарону иштирокчиёни озмунҳо, маҳсули меҳнати ҳунармандон дидан намуданд.

Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳияи Зафаробод Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ  Шарифзода Туйгун, иштирокчии иҷлосияи таърихӣ  Каромулло Одилов, фаъолон ҳизб ва аъзоёни ТҶҶ “Созандаони Ватан” иштирок доштанд.

Сипас дар толори қасри фарҳанги “Зафар” бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҳизбӣ  оғоз гардид. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод Туйгун Шарифзода конференсияро  ифтитоҳ намуда, меҳмонон ва иштрокчиёнро хайрамақдам гуфт ва иброз дошт, ки ҳамоиши имрӯза бо мақсади тарғиби аҳамияти таърихии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар ташаккули давлатдории миллӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихиву беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   ташкил гардидааст.

Ҳамчунин, Раиси кумиҷроияи вилоятӣ Исмоилзода Зуфар Муртазохон зимни суханронии худ зикр намуд, ки баргузории ҳамоиши мазкур баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху ниёгон мебошад. Бо гузашти 30 сол, мо шоҳиди он гардидем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пуррагӣ аз ӯҳдаи қасами хӯрдаи худ баромаданд ва дар Тоҷикистон сулҳу субот,   ва пешрафти куллиро таъмин намуданд. Дар ин муддати кӯтоҳ кишвари азизамонро дар арсаи байналмилалӣ на танҳо эътироф, ҳамчунин пешниҳодҳои онро зиёда аз дусад кишвари дунё якдилона қабул намуданд.

Раиси ноҳияи Зафаробод Раҷаб Ашурзода иштирокчиёнро бо ин рӯйдоди муҳим шодбош гуфта, зимни баромади хеш қайд кард, ки Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарнавишти миллати мо нақши муҳим ва муассир бозидааст, ки аҳамияти он дар таҳкими сулҳу суботи кишвар дар айёми соҳибистиқлолӣ беназир дониста мешавад. Метавон ин иҷлосияро ҳамчун пойдевор ва Кохи мӯҳташами сулҳ дар Тоҷикистон номид, зеро маҳз дар ҳамин Иҷлосия ҳайати нави сиёсии кишвар бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид, ки минбаъд барномаи мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро таҳия ва дар амал татбиқ намуд.

Сипас, иштирокчии Иҷлосияи тақдирсоз Карамулло Обидов хотираҳои хешро аз рӯзҳои баргузории Иҷлосияи тақдирсоз, ки дар Қасри арбоб баргузор гардида буд, ба ҳозирин ёдоварӣ намуд.

Ҳамзамон, аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони ватан” Норматов Муҳаммад ба музокира баромада, аз номи ҷавонон ваъда дод, ки тамоми саъю кӯшиш ва донишу малакаамонро баҳри ободиву пешрафт ва тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлоламон равона хоҳем кард. Ҳамчунин Раиси шӯрои собиқадорон дар ноҳия Рустамов Заҳриддин баромад намуда, ҳозиринро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят намуд.

Дар идомаи чорабинӣ ба якчанд нафар фаъолони ҳизб Сипосномаҳо тақдим гардида, ҷавонони фаъол ба сафи аъзои ҳизб ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” қабул гардиданд  дар вазъияти тантаавӣ ба онҳо шаҳодатнома супорида шуд.

Бояд қайд намуд, ки ҳамоиши мазкур дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар бо гузаронидани чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ, фарҳангӣ ва маърифатию варзишӣ тибқи нақшаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ба роҳ монда шуда, дар остонаи таҷлили 30 – солагии Иҷлосияи тақдирсоз дар Қасри Арбоб ҷамъбаст ва Албом – эстафетаи “30-соли созандагӣ бо Пешвои миллат” ба осорхонаи он тақдим карда мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *