Рубрики
Асосӣ

ЗАФАРОБОД: АРҶГУЗОРӢ БА ДИЛОВАРИҲО ВА МЕҲНАТИ ШОЁНИ ФАРЗАНДОНИ СОЛЕҲИ ВАТАН

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон дар арафаи таҷлили 24-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ҷиҳати иштирок дар маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ибтидоӣ ба ноҳияи Зафаробод ташриф овард.

Дар ҷараёни сафар раиси кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ аҳли хонаводаи сокини Ҷамоати шаҳраки Ҳамид Алиев Бахтиёр Юляхшиевро, ки солҳои даргириҳои шаҳрвандӣ ба хотири суботи имрӯза шаҳид гардидааст, аёдат намуд. Дар сӯҳбат бо пайвандон аз матонату ҷонфидоиҳои Бахтиёр Юляхшиев ёдоварӣ карда шуда, хотираи ин шаҳиди Ватан варақгардон шуд. Бояд қайд намуд, ки ба хотири гиромидошти фарзанди фидоии Ватан дар шаҳраки Суғдиёни Ҷамоати шаҳраки Ҳамид Алиев МТМУ № 15 номи Бахтиёр Юляхшиевро гирифтааст.

Дар идома собиқадори соҳаи маориф устоди Коллеҷи политехникии ноҳия Ҳоҷиқурбонов Ҳоҷиқурбон, ки зиёда аз 45 соли фаъолияти худро дар тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои гуногун масраф кардаанд, аёдат карда шуда, ба устод саломатию муваффақиятҳо ва даврони саодатбори зиндагӣ таманно карда шуд.

Инобар Қосимова-собиқадори соҳаи кишоварзӣ фотеҳи дашти Мирзочӯл, механизатори варзида, имрӯз ба синни мубораки 85 расида, дар ҳалқаи фарзандон даврони пирӣ меронанд. Ин модари мушфиқ ва диловари майдони корзор, ки замоне бо машинаи пахтачинӣ дар мавсим аз 200 то 300 тонна пахта мечид, аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода З М аёдат гардида, дар рафти сӯҳбат меҳнату диловарии эшон ба насли имрӯза мактаби бузург ва намуна арзёбӣ гардид. Собиқадорон бо шукргузорӣ аз иқдоми ҳизбиён миннатдорӣ намуда, сулҳу субот, ваҳдати комил ва зиндагии шоистаи имрузаро аз бахти баланди сокинони Тоқикистон ва фидокориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб донистанд.