Рубрики
Асосӣ

ЗАФАРОБОД: Аёдати омӯзгор

Ҳакимҷонова Саломат Муллоевна панҷоҳ сол собиқаи соҳаи маориф дошта,  тайи солҳои тулонӣ дар МТМУ № 1 ба номи академик Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Зафаробод аз фанни забони рӯсӣ таълим додааст. Устод шогирдони соҳибкасбро ба воя расонида аз соли 2008 ба нафақа баромада дар ҳалқаи фарзандон даврони пирӣ меронад.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода З.М дар арафаи Рӯзи дониш ба аёдати муаллима омада, таманиёти неки саломатӣ ва саодатмандӣ иброз намуд. Қайд карда шуд, ки заҳматҳои муаллима дар таълиму тарбияи насли наврас дар роҳи илмомӯзию фарогирии касбу ҳунар шоистаи қадрдонӣ буда, шогирдон дар ҷомеаи имрӯза номбардори Устод мебошанд. Ҳакимҷонова  Саломат бо шукргузорӣ таъкид дошт, ки ҳоло барои таълим ҳамаи шароитҳо аз қабили муассисаҳои наву замонавӣ, синфхонаҳои фаннӣ таҷҳизоти лабораторӣ ва даҳҳо имконоти беҳтарин мавҷуд мебошад. Танҳо хонандагонро месазад ҷиддӣ ба таълим фаро гирифта, оянда  ба рушди сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон зери раҳнамоии Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон саҳмгузор бошанд. 

Сӯҳбат бо омӯзгори соҳибтаҷриба хотирмон анҷом пазируфт.   

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *