Рубрики
Uncategorized

ЗАФАРОБОД: АЁДАТИ САРБОЗОН ДАР АРАФАИ ҶАШН

 Санаи 14 феврали соли 2023 тибқи нақша чорабиниҳои муштараки КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо занон ва оила, бахши кор бо ҷавон ва варзиш, шӯъбаи рушди иҷтимоӣ, бахши муҳоҷират дар Комендатураи сарҳадии ноҳияи Зафаробод маросими дидорбинии бо афсарону сарбозон баргузор гардид. Иштирокчиёни мулоқот дар баромади худ қайд намуд, ки хизмат ба Ватан вазифаи муқаддаси шаҳрвандӣ маҳсуб ёфта, имрӯз барои адои ин қарзи олии шаҳвандӣ дар ҳамаи қисмҳои низомии мамлакат беҳтарин шароит фароҳам оварда шудааст. Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки ҷавонони далеру шуҷоъи Ватан ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат равона гардида, барои ҳифзи марзу буми Тоҷикистон, гиромидошти арзишҳои миллӣ иҷрои дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарбаландона хизмат мекунанд. Афсарону сарбозони қисми низомӣ аз мулоқот таасуроти хуб бардошта миннатдорӣ баён намуданд. Дар фарҷоми мулоқот аз ҷониби масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод маводи ғизоӣ дастрас карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *