Рубрики
Асосӣ

ЗАФАРОБОД: ВОЛОИЯТИ ҚОНУН АРЗИШИ ОЛИСТ

Дар маҷлисгоҳи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод машғулияти  навбатии Мактаби захираи кадрӣ  баргузор карда шуд. Ин навбат мувофиқи нақша  раиси Суди ноҳияи Зафаробод Қурбонзода Хуршеда Гулмат бо шунавандагони курс ва ҷавонони фаъол сӯҳбат ороста  доир ба мавзӯи “Конститутсия таъминкунандаи волоияти қонун” маърӯзаи пурмӯҳтаво ироа намуд.

Қурбонзода Хуршеда Гулмат роҷеъ ба аҳамияи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърихи пайдоиши аввалин ин санади таъминкунандаи волияти Қонун банду бобҳои он  ба ҳозирин маълумоти муфассал дода, ҳозиринро ба Рӯзи Конститутсия, ки чанд рӯзи дигар дар кишвар таҷлил мегардад шодбош намуд.

Дар машғулият ҳамчунин доир ба масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ аз ҷумла маърифати оиладорӣ, масъалаҳои гендерӣ, муаммоҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон мубодилаи афкор сурат гирифта, иштирокдорон ба саволҳои худ аз раиси Суди ноҳия Қубонзода Хуршеда посухҳои мушаххас гирифтанд.

Таъкид карда шуд ташкили курси мазкур, ки бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ роҳандозӣ гардидааст дар баланд бардоштани сатҳи донишу ҷаҳонбинии   мутахассисони ҷавон, омода намудани кадрҳо ва пешрафти ҷомеа мусоидат хоҳад намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *