Рубрики
Uncategorized

Зафаробод: ДАСТРАНҶИ МАРДИ ДЕҲҚОН АЗ ФАЪОЛИЯТИ ПОЙГОҲҲОИ ОБКАШӢ ВОБАСТАГӢ ДОРАД

 Санаи 4-июли соли 2021 Вакиди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ноҳияи Зафаробод Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба ноҳияи Зафаробод ташриф оварда,  дар ҳамроҳӣ бо раиси ноҳияи Зафаробод Ашурзода Раҷаб Рузӣ аз фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ шинос шуданд. Зимни шиносоӣ бо кормандони пойгоҳи обкашии ГНС 1 суҳбат ороста, барои фаъолияти бомасъули шабонарӯзӣ, ки ҷомеаи меҳнатӣ баҳри таъмини оби полезӣ ба роҳ мондаанд, арзи миннатдорӣ баён карда шуд. Дар суҳбат гуфта шуд, ки ҳосили ба ранҷи рӯёнидаи кишоварзон аз меҳнати шабонарӯзии кормандони пойгоҳҳои обкашӣ вобастагии калон дорад. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шахсан Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба рушди бемайлони пойгоҳҳои обкашӣ хеле калон аст.

Зуфар  Исмоилзода ҳамчунин бо кишоварзони Ҷамоати деҳоти Равшан мулоқот доир намуда, бобати самранок истифода бурдани замин ва об, рӯёнидани ду се ҳосил аз заминҳои кишоварзӣ дастуру супоришҳо дод.  Таъкид гардид, ки ҳар рӯзи гаромои тобистон самаранок истифода бурда шавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *