Роҳбарияти кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод бо мақсади тақвият бахшидани фаъолияти дохилиҳизбӣ аз ташкилотҳои ибтидоии “МДТ мактаби варзишӣ, ТИ “Ҷамоати шаҳраки Ҳамид Алиев” ТИ “Ҷамоати деҳоти Равшан” дидан намуда, аз фаъолияти ташкилот дар самти татбиқи Барномаи ҲХДТ шинос гардид. Вобаста ба дастурҳои пешниҳодшуда ба масъулони ташкилотҳои ибтидоӣ табодули андеша сурат гирифта, ҷиҳати вусъат додани фаъолияти дохилиҳизбии ташкилот, ислоҳи камбудиҳо тавсияҳо дода шуд. Ҳамчунин дастурҳое, ки дар Маҷлиси Раёсати КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд санаи 23- апрели соли 2021 баргузор гардида буд, ба роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ расонида шуда, барои иҷроиши самараноки он вазифаҳои мушаххас пешниҳод гардиданд.
Рубрики
ЗАФАРОБОД: ДАСТУР ҶИҲАТИ ТАҚВИЯТИ ФАЪОЛИЯТ
