Рубрики
Асосӣ

ЗАФАРОБОД: Дониш андар дил чароғи равшан аст…

Санаи 1 сентябри соли 2022 дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия  Рӯзи дониш бо шукӯҳи хоса баргузор гардид.  Дар МТМУ № 13 ба номи Садриддин Айнии  шаҳраки Зафаробод тантанаҳои Рӯзи дониш ва оғози соли нави хониши 2022-2023 бо садо додани суруди миллӣ ва  бо иштироки хонандагону шогирдон, падарону модарон  ва аҳли маҳаллаҳои Ҷамоати шаҳраки Зафаробод баргузор гардид. Ҳамчунин дар тантанаҳои ҷашнии муассисаи мазкур  Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Шарифзода Туйғун Тоҳир, сардори ШВКД ҶТ дар ноҳияи Зафаробод Идизода Баҳодур Холиқназар, намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия Абдураҳмонзода Маҳбуба ва дигар намояндагон  мақомотҳо  иштирок доштанд.

Ҷомеаи устодону шогирдони муассисаро Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода З.М ба фарорасии соли нави хониш табрик намуда,  аз ҷумла зикр намуд, ки масъалаи рушди мактабу маориф ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти олии мамлакат бахусус Пешвои муаззами  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.  Татбиқи Барномаҳои соҳавӣ, дар рӯҳияи худшиносию ватандустӣ тарбия намудани насли наврас, соҳибмаълумот ва соҳибкасб гардонидани  насли ҷавон вазифаи муқаддас ва рисолати бузурги омӯзгор мебошад.

Сипас табрикоти раиси ноҳияи Зафаробод аз ҷониби Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Туйғун Шарифзода қироат карда шуда, садои занги аввалин садо дод.

Дар идомаи чорабинии Рӯзи дониш гурӯҳи меҳмонон аз ҷараёни машғулияти дарсӣ дар синфи 1, 3 ва 8  шинос гардида, бо хонандагон суҳбати самимӣ ташкил намуданд. Ҳамчунин хонандагон тавассути шабакаҳои телевизионӣ баромади Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, дар толори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино ҷараён гирифт тамошо карданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *