Рубрики
Асосӣ

ЗАФАРОБОД: “Зӯроварӣ ҷиноят аст

Дар ноҳияи Зафаробод бо иштироки тамоми субъектҳои пешгирикунандаи зуроварӣ дар оила, раисони Шурои занону духтарон, аминони маҳаллаҳо, равоншиносон, аъзоёни фаъоли ҲХДТ конференсия дар мавзӯи “Зӯроварӣ-ин ҷиноят аст” баргузор гардид. Конференсияи мазкур дар партави чорабиниҳои муштараки “16 рӯз бидуни хушунат” роҳандозӣ гардида, ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” равона гардид.

Конференсия таҳти раёсати раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Шарифзода Туйғун Тоҳир ва мудири бахши кор бо занон ва оидаи МИҲД-и ноҳия Азизова Раҳима ҷараён гирифта аз ҷониби Нигора Собирова-намояндаи идораи суди ноҳия, Нуриддин Насриддинов-сархатиби ноҳия, Муҳаммад Авезов-устоди коллеҷи политехникии ноҳия, Ҷасур Ҷураев-омӯзгори МТМУ №16, Шамсибой Шамсиев-масъули МИҲД-и ноҳия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Бобоҷон Ҷамолов-табиби беморхонаи марказии ноҳия баромадҳои судманд ва пурмӯҳтаво ироа гардид. Дар фарҷоми чорабинӣ ба як чанд нафар бонувони фаъол Сипосномаи МИҲД-и ноҳия тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *