Пас аз интизориҳои тӯлони соҳибони миллати кӯҳанбунёди тоҷик неъмати бузург-Истиқлолияти давлатиро ба даст оварданд. Хуршеди дурахшони Истиқлол роҳи худшиносию озодихоҳии Тоҷикистонро боз намуд. Мутаасифона барои ҳифзу нигаҳдошти соҳибистиқлолӣ халқи тамаддунсозу аз ҷабри таърих ҷафокашида, ба мушкилоти дохилӣ-ҷанги шаҳрвандӣ ру ба ру гардид. Бояд иқрор шуд, ки миллат дар ҳамон давра зери ошуфтагиву парокандагӣ ва нооромӣ гирифтор шуд. Бо назардошти авзои мураккаби сиёсию ҷамъиятии мамлакат, дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи тақдирсоз баргузор гардид, ки ба сарнавишти миллати кӯҳанбунёд ва давлати Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ бахшид. Саҳифаи нави таърихи давлатдории тоҷикон, ки муҳимтарин амал баҳри рушди давлат ва фазои нави сиёсиро боз намуда, гардиши куллиеро ба вуҷуд овард. Маҳз дар ҳамин рӯз фаъолияти қонунгузории давраи эҳёи Тоҷикистони соҳибистиқлол пойдевор ва ибтидо гузошта шуд, ки бо шарофати он шаҳрвандони Тоҷикистон таъмини соҳибихтиёрии миллатро дарк намуданд. Дар ҳамон давраи хасос номзадии Эмомалӣ Раҳмонро вакилони мардумӣ ба ҳайси раиси Шӯрои Олӣ пазируфтанд. Бояд иқрор шуд, ки таърих шахсеро ба майдони муборизаи сиёсӣ овард, ки дар ҳақиқат, оромию осудагии халқи азияткашидаро таъмин карда тавонист. Ин марди оқилу шуҷоъ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи нахустини ба сари қудрат омаданаш ибораи “Сулҳ ва ваҳдати миллӣ”- ро шиори аввалини худ қарор дод. Ӯ қавл дод, ки ба ҳар хонадони тоҷикистонӣ оромию осудагӣ хоҳад овард. Воқеан ҳам Пешвои тоҷикони ҷаҳон бар савганди худ содиқ монда, барои ба даст овардани сулҳи тоҷикон нахуст дасти мардонагии худро ба сӯи мухолифини ҳукумат дароз кард ва сулҳи ҷовидонаи тоҷиконро ба даст овард. Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолате сарварии Точикистонро ба ӯҳда гирифт, ки ин давлат аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҷудо шуда, аз тақсимоти молӣ нисбати дигар давлатҳо дар канор монда, ба муаммоҳои дохилиаш ғарқ буд. Ӯ тавонист, ки тухми кинаю адовати миёни тарафҳои мукобил ҷойдоштаро бо сулҳу субот иваз карда, миллати ҷониби парокандагӣ тамоюл гаштаро гирдиҳам оварад. Асиливу сарфарозӣ ва номуси миллиро дар дили онҳо бори дигар ҷой кард ва миллати тоҷикро ба сӯи ободонию созандагӣ равона намуд. Барҳақ, тамоми нерӯву ғайрат ва ҳам ҳастияшро барои ояндаи дурахшони Ватан, пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва зиндагии пурсаодати халқи азизаш сарф кард. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯзҳо миллати тоҷик дар фазои сулҳу оромӣ умр ба сар бурда истодааст. Дар кӯтоҳтарин муддат тавонист Тоҷикистонро ба яке аз давлати ободу озод мубаддал созад. Бо шарофати Иҷлосияи саодатовар бо роҳи райпурсии умумихалқӣ Қонуни асосии кишвар таҳия ва қабул гардид, ки самтҳои асосии пешрафти ҳокимияти давлатӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрвандонро муайян намуд. Маҳз дигар қонуну санадҳои меъёриву ҳуқуқии давраи навини қонунгузории кишвар аз ин иҷлосияи фардосоз оғоз гардида, қонунгузории ҷумҳуриро устувор намуда ва рушди минбаълаи он заминаи мустахкам гузошт. Аз ин иҷлосияи таърихи имсол 30 сол сипарӣ гардида, бо итминон гуфта метавон, ки роҳи садсолаҳои давлатдории тоҷиконро дар ҳама самтҳо муайян намуд. Халқу миллати шарифи Тоҷикистон садсолаҳои дигар ин анҷумани ваҳдатофарро, ки олитарин руйдодаш зимоми давлатдориро ба даст гирифтани Эмомалӣ Раҳмон мебошад бо тантана таҷлил хоҳад кард. Зарина Зулфиқорзода- мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод