Рубрики
Асосӣ Мақола

ЗАФАРОБОД: Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ-Иҷлосияи сарнавиштсоз

  Мақола: Паз аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ тамоми давлатҳои аъзои он яке пайи ҳам Истиқлолияти давлатиро ба даст дароварданд. Аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон низ санаи 09 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд. Хуршеди дурахшони Истиқлолият дар осмони софу беғубори Ватани азизамон партавафшон гардид. Аммо ин армуғон дер давом накард ва ба сари халқи тоҷик, ки бе ин ҳам дар таърих ситами беш кашида буд, мушкилоти дигаре зам шуд. Дар Ҷумҳурӣ аз таъсири гуруҳҳои тундгароёнаи дохиливу хориҷие, ки соҳибистиқлолии Тоҷикистонро дидан намехостанду мехостанд, ки миллати моро ба роҳи нестӣ баранд, ҷанги дохилӣ-бародаркуш оғоз гардид. Авзои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат мураккаб гардида, рӯз аз рӯз давлати навтарини тоҷикон рӯ ба завол мениҳод. Ин як имтиҳони бузурге дар сари халқи куҳанбунёди тоҷик буд. Аммо халқи тоҷик, ки пеш аз ин ҳам дар тӯли таърихи якчанд ҳазорсолааш бо ингуна имтиҳонот рӯбарӯ шудааст, бо роҳбарии фарзандони фарзонаву абармардаш ба ҷаҳониён бузургиву шаҳомати худро нишон дода, аз ин вартаи ҷанг худро раҳо кард. Новобаста аз вазъияти мураккаби ҳамонвақта, дар шаҳри бостонии Хуҷанд, дар қасри Арбоб Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардид.Маҳз дар ҳамин Иҷлосия вакилони мардумӣ фарзанди фарзонаи халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ интихоб карданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди Шӯрои Олӣ ба тамоми мардум ваъда доданд, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу ваҳдат ва якдилиро меоранд, тамоми гурезагонро ба Ватан бармегардонанд, тамоми шохаҳои давлатдориро барқарор намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати озод ва мутараққӣ муаррифӣ менамоянд. Ин марди оқилу шуҷоъ дар дили ҳар як нафар шамъи меҳру муҳаббат ва бовариро афрухтанд. Ҷон дар каф, орӣ аз ғами ҷони худ ба назди мухолифини ҳукумат рафта, онҳоро ба роҳи сулҳу субот ҳидоят намуданд. Воқеан ин абармарди Ватан ҷони худ ва тамоми ҳастии хешро дар роҳи пойдории сулҳу субот ва тараққиёти Ватани азизи хеш бахшид. Таърих худ гувоҳ аст, ки тамоми комёбиву тараққиёти кишвар маҳз натиҷаи меҳнату талошҳои Пешвои муаззами миллат мебошад. Ҳамин тавр Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини халқи тоҷик ба пойдевори сулҳу субот ва тараққиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон асос гузошт. Имрӯз бо гузашти сӣ сол бо тамоми ҳастӣ дарк менамоем, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар сарнавишти халқу миллати мо нақши басо муҳиме бозидааст. Дар ҳақиқат бо шарофати Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ Пешаои муаззами миллат ба сари қудрат омада, маҳз бо заҳмату талошҳои ин абармард Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фоҷиаи ҷанги хонумонсӯз раҳо ёта, истиқлолияти давлатии хешро ҳимоят кард ва дар роҳи тараққиёт устуворона ва ба боварӣ қадам ниҳод. Мо ҷавонони даврони Истиқлол бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расида, аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, хидматҳои фидокоронаи Пешвои миллатро аз ёд набарорем ва дар пайравии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми қувваю дониши худ кӯшиш намоем, ки дар тараққиёту пешрафти Ватани азизамон ҳиссаи кӯчаки худро гузорем. Раҳмонзода Фурӯзон Фармон Мудири шуъбаи эпидемиологии МНДСЭ-и ноҳияи Зафаробод, шунавандаи мактаби захираи кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *