Рубрики
Асосӣ

ЗАФАРОБОД: Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод соҳиби замини хоҷагии ёрирасон гардид

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба ноҳияи Зафаробод ташриф оварда аз фаъолияти хоҷагии ёрирасон дидан намуд. Хоҷагии ёрирасон бо дастури Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ҷиҳати тақвият бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ бо дастгирии бевоситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод ташкил карда шуда, фаъолиятро дар мавсими нави киштукор оғоз намуд. Замини хоҷаги ёрирасони кумиҷроияи Зафаробод 5 гектар буда дар замин метавон картошка, сабзавот, ғалла ва ғайраҳо кишт кард. Аз замини хоҷагии ёрирасон барои ҳосили фаровон гирифтан Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Шарифзода Туйғун маслиҳатҳои муфид дод.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *