Рубрики
Асосӣ

ЗАФАРОБОД: МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ

Дар ташкилоти ибтидоии Боғи фарҳангии ноҳия маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор карда шуд. Ин иқдом дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои вусъат бахшидан ба корҳои ободониву бунёдкорӣ як қатор силсила тадбирҳои муайян ба роҳ монда шуд. Дар ин доира, бо иштироки директори Боғи фарҳангии ноҳия ба номи Садриддин Айнӣ Одиназода Зафар, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Шарифзода Туйғун ва бо иштироки кормандон маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар ин мавзеъ бо риояи қоидаҳои дурусти ниҳолшинонӣ беш аз 300 бех ниҳоли ороишӣ ва ҳамешасабз шинонида шуд. Ҳамчунин Шарифзода Туйғун бо кормандони ташкилот мулоқот намуда зикр намуд, ки ниҳолшинонӣ аз амалҳои нек ба шумор рафта, чун анъанаи хуб аз гузаштагон мерос мондааст. Шинонидани дарахтон ба муҳити экологӣ таъсири мусбӣ гузошта, ба кӯчаву хиёбонҳо зебоии хоса мебахшад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *