Рубрики
Uncategorized

Зафаробод: Мақола: Эмомалӣ Раҳмон -эҳёгари Тоҷикистони навин

Тавре ҳамаи мо шоҳидем Тоҷикистони маҳбуби мо бо тантанаи бузурги умумимиллӣ  30-умин соли Истиқлолияти давлатии худро таҷлил  намуд.  Агар таърихи истиқлоли давлатии мо зиёда аз чоряк аср бошад, умри миллат ва таърихи давлатдории мо ҳазорсолаҳост. Мардуми мо ҳанӯз аз бомдоди таърих соҳибватан ва давлатсоз буда, баробари рушду шукуфоии таърихӣ ба тохтутозҳои аҷнабиён низ рӯ бу рӯ гаштаанд.

Бар бахти ин миллати сарбаланд ва  халқи шарифи Тоҷикистон хуршеди нурпоши Истиқлол роҳи эъмори давлати навин ва рушду шукӯфоии Ватани маҳбубамонро бозу фарох намуд.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба осонӣ  ба даст наомада, дар рӯзҳои аввали соҳибистиқлоли    миллати тоҷик ба ҷанги таҳмилии бародаркӯш рӯ бу рӯ гашт. Ин ҷанг бо курбонии  150 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, садҳо нафар ятимону гурезагон ва миллиардҳо хисороти ҷонӣ хавфи аз байн рафтани давлати Тоҷикистонро ба вуҷуд овард.

Хушбахтона ин рӯзҳои сангини низ паси сар шуда, хиради азалӣ ва фитрати сулҳофарии тоҷикон пирӯз гашт.

Ба толеи  мардуми ҷафокашида фарзонафарзанди миллати тоҷик мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ зимони давлатдориро бар дӯш гирифта, дар замири ҳар як шаҳрванди Тоқикистон шуълаи умедро барои бунёди давлати навин фурӯзон карданд. Тоҷикистон бо  роҳи рушди устувор собитқадамона равон гашт. Марҳалаи эҳё ва барқарорсозӣ оғоз гардида, зина ба зина рушд ёфт.

Роҳбари хирадсолори тоҷикон  Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  бо тасмимгириҳои  таърихии хеш воқеан Меъмори давлати навини тоҷикон муаррифӣ  гардиданд.

Агар корномаи Пешвои миллатро варақгардон намоед ҳамчун роҳбари давлатсозу халқпарвар, фидоии обу хоки сарзамин, ба қавлу амал устувор, муаррифгари миллат ба ҷаҳон дар роҳи бунёди Тоқикистони навин хизматҳои қаҳрамонона кардаанд.

Ба роҳ мондани шохаҳои муҳими давлатдорию қонунгузорӣ, қабули ҳадафҳои муҳими стратегӣ, татбиқи ормонҳои миллӣ баланд бардоштани нуфӯзи Тоҷикистон дар арсаи байналмиллаӣ ва шинохти давлат аз ҷониби ташкилотҳои бонуфӯзи ҷаҳонӣ маҳз зери сиёсати созандаю раиятпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, имрӯз сокинони хушбахти ин сарзамин бо шукргузори аз сиёссати ин қаҳрамонфарзанди худ дар татбиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат саҳм мегузоранд.

Воқеан дастгирии ниёмандону ятимон, пуштибонии ҷавонону бонувон пойдории адолату субот дар меҳвари асосии сиёсати Пешвои миллат қарор дошта, бо фароҳам овардани шароитҳои арзанда зиндагии шоисаи сокинон ба роҳ монда мешавад.

Имрӯз ҳар як сокини мамлакат  дар бунёду зебо кардани  як гӯшаи диёри худ, сохтмони иншооти хурду бузург  дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқ намуда, Тоҷикстони биҳиштосоро ба як давлати мутараққии ҷаҳон мубаддал месозанд.

Дар як лаҳзаи кутоҳ намешавад заҳматҳои фидокоронаи Меъмори Тоҷикистони навин, Президенти маҳбуби кишвар Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро зикр намоед.

Аз хидматҳои фидокоронаи   Қаҳрамони Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  достони таърихи миллат шаҳодат аст.  Танҳо моро месазад ба қадри ин сарзамин, ба қадри неъматҳои он, ба қадри муқаддасоти кишвар ва Пешвои муаззами миллат расида, барои ободии  Ватан софдилона хизмат  кунем.

Адиба Ходжаева,

аъзои фаъоли ҲХДТ аз ноҳияи Зафаробод

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *