Рубрики
Асосӣ

ЗАФАРОБОД: Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод баргузор гардид

Дар ноҳияи Зафаробод бо иштироки аъзоёни Раёсат ва Кумитаи иҷроия, роҳбарони ташкилоти ибтидоӣ, вакилони халқ аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод баргузор гардид.

Дар кори маҷлис Кумитаи иҷроия муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Шарифзода Аминҷон Абдуғаффорӣ, муовини раиси ноҳияи Зафаробод Абдураҳмонзода Малоҳат Абдусаттор иштирок намуданд.

Маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Шарифзода Туйғун Тоҳир оғоз намуда, пас аз интихоби котибот масъалаҳои пешниҳодшударо баррасӣ намуданд.

Аз руйи масъалаи якум ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод дар давраи шаш моҳи соли 2021 шунида шуда, вобаста ба ҳамин масъала роҳбари ТИ “Маорифчиён” Ниёзқулова Дилафрӯз ва собиқадори ҲХДТ аз ТИ “Ҷамоати деҳоти Равшан” Файзуллоев Ғайбулло ба музокира баромаданд.

Ашурзода Рузибой-муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия вобаста ба ҷараёни маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” гузориш дода, ҳозиринро аз натиҷаҳои фаълияти Ситоди обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ шинос намуд. Қайд карда шуд, ки натиҷаҳои ба дастомадаи маъракаи обуна дар ҳолати имрӯза қаноатбахш набуда, масъулинро зарур аст барои ҷамъбасти натиҷабахши маъракаи обуна саҳмгузор бошанд.

Сипас аз руйи масъалаи Маҷлис ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии “Аҳмади Дониш” №15 Абдуғаниева Хурсандой шунида шуда, ба вакил дар татбиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва Барномаи вакилӣ дастурҳо дода шуд.

Ҳамчунин дар Маҷлис як чанд қарорҳои ташкилоти ибтидоӣ вобаста ба аъзогии ҲХДТ тасдиқ карда шуд.

Муовини раиси ноҳия Абдураҳмонзода М.А аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияро дар давраи ҳисоботӣ хуб арзёбӣ карда, комёбиҳо таманно намуд.

Шарифзода А.А-муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар суханрониҳои худ фаъолияти кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро мавриди таҳлил қарор дода, қайд намуд, ки баробари ноил гардидан ба дастоварҳо масъалаҳое, мавҷуд мебошанд, ки ҳалли саривақтии он ба фаъолияти самараноки ташкилоти ҳизбӣ мусоидат хоҳад кард. Вусъат бахшидани обунашавӣ ба нашрияҳои ҳизбӣ, тақвият бахшидани корҳои дохилиҳизбӣ, ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ дар маҳаллаҳои дурдаст, зиёд намудани сафи аъзоёни ҳизб аз ҳисоби фаъолон мавриди таъкид қарор дода шуда, дастурҳои судманд пешниҳод гардид.

Дар поёни кори маҷлис чун анъана ба як чанд нафар фаъолони ҲХДТ, роҳбарони ТИ, Сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва ноҳияи Зафаробод тақдим карда шуда, ба нафароне, ки тоза ба сафи ҲХДТ дохил шудан шаходатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод бо қабули қарорҳои дахлдор кори худро ба анҷом расонид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *