Рубрики
Uncategorized

ЗАФАРОБОД: МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “РОҲСОЗ”

Санаи 9 июли соли 2021 маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии “Роҳсоз”-и МНДРА-и ноҳияи Зафаробод баргузор гардид. Маҷлис аз рӯи масъалаҳои пешниҳодшуда  ҷараён гирифт.

Дар аввал  ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Роҳсоз” шунида шуд. Дар ҳисобот натиҷаҳои фаъолияти ташкилот давоми давраи ҳисоботӣ зикр гардида, вобаста ба масъалаи якуми маҷлис қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Шодмонов Комил ба вазифаи раиси ташкилоти ибтидоӣ дар ТИ “Роҳсоз” тариқи овоздиҳии кушод интихоб гардид. Сипас раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Шарифзода Туйғун ба сухан баромада ба ҳизбиёни ташкилот дар самти истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон комёбиҳо таманно намуд. Ҳамчунин доир ба  фаъолияти корӣ, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии ҲХДТ, пешгирии падидаҳои номатлуби дар ҷомеа, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, масъалаҳои дохилиҳизбӣ пешгирӣ аз паҳншавии бемории Ковид-19, вусъат бахшидани корҳои тарғиботӣ ҷиҳати гиромидошти арзишҳои миллӣ ва масъалаҳои дохилиҳизбӣ  андешарони кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *