Рубрики
Uncategorized

ЗАФАРОБОД: МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ- ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ФАРҲАНГ”-И НОҲИЯ

 Санаи 9 июли соли равон дар Қасри фарҳанги “Зафар” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг”-и ноҳияи Зафаробод баргузор гардид. Маҷлис аз рӯи чор масъала кори худро идома дод. Аз рӯи масъалаи якум ҳисоботи Раиси ташкилоти ибтидоӣ шунида шуд. Вобаста ба масъалаи дуюми рузнома номзадии Тоирова Нурӣ-мудири бахши фарҳанги ноҳия ҳамчун роҳбари ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг” пешниҳод гардида, аз ҷониби ҳозирин тасдиқ гардид. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Шарифзода Туйғун Тоҳир фаъолияти ташкилоти ибтидоиро дар давраи шаш моҳи соли 2021 дар самти иҷроиши ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҳизб хуб арзёбӣ намуд, доир ба масъалаи обуна ба нашрияҳои “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” таклифҳои мушаххас дод. Ҳамчунин номбурда қайд кард, ки дар назди ҳизбиён масъулияти бузург – истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ҳар як узви ҳизбро зарур аст, ки ин ҷашни бузурги миллиро бо дастовардҳои арзанда пешвоз гирад. Маҷлис бо қарорҳои дахлдор тастиқ гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *