Рубрики
Uncategorized

ЗАФАРОБОД: МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ

Санаи 24- уми июни соли 2021 маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботии ташкилоти ибтидоии “Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод”  баргузор гардид. Аз рӯи масъалаи маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ Ҳакимов Аббос шунида шуд. Номбурда фаъолияти ташкилоти  ибтидоии “Коллеҷи политехникии ноҳия”- ро давоми панҷ моҳи ҳисоботӣ, ки дар самти татбиқи Барнома ва Оинномаи ҲХДТ равона гардидааст,  ҳисобот дод.

Муҳаммад Авезов аъзои фаъоли ҲХДТ ба музокира баромада, ҳисоботро хуб арзёбӣ намуд. Аз рӯи масъалаи дуюм номзадии Пираков Рустам Музаффарович ба роҳбарии ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ пешниҳод гардида, аз ҷониби ҳозирин тасдиқ гардид. Ҳамчунин дар ҷаласа масъалаҳои иҷроиши саривақтии обуна ба нашрияҳои “Минбари халқ” ва “Сухани халқ”, пардохти ҳаққи узвият  дастур вобаста ба аксияи “Шаҳодатномаи ҳизбӣ-ифтихори ман” мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ҷамъбасти маҷлис якчанд нафар фаъолон ба сафи ҲХДТ қабул гардида, ба иштирокчиёни чорабиниҳо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *