Рубрики
Асосӣ Мақола

ЗАФАРОБОД: МО ҶАВОНОН ҲАМА АМАЛҲОИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!

 Терроризм ва экстремизм дар тамоми шаклҳои зуҳури худ дар радифи масъалаҳои доғи рӯз боқӣ монда, мубориза алайҳи ин падидаҳо дар сархати вазифаҳои асосии мақомоти дахлдор ва тамоми аҳли башар қарор дорад. Ҳамон тавр ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр  мекунанд: «Ин мубориза бояд бо андешидани тадбирҳои дастаҷамъона дар соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва иттилоотӣ тақвият дода шавад. Ин тадбирҳоро дар сатҳи байналмилалӣ аввалан таҳия ва ба нақша бояд гирифт. Чӣ коре накунем, чӣ эътилофҳое насозем, ҳар қадар қувваи ҳарбиро ба кор набарем, агар механизми худтавлиди решаҳои терроризм аз байн бурда нашавад, мо фақат аз омилҳои зоҳирии ин маризӣ раҳоӣ меёбему халос».    Экстремизм (ифротгароӣ)  ва терроризм дар ҳаёти ҷамъиятӣ падидаи ҳузнангез буда,  оқибатҳои таҳлукаангезу даҳшатбор доранд.    Терроризм чист? Мувофиқи моддаи 179-и КҶ ҶТ, терроризм, ин  яъне «содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпаронӣ аз силоҳи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ, ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимиятӣ қабул намудан, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда ба ҳамин мақсадҳо амалӣ шуда бошад».    Дар моддаи болозикр  ибораи «расонидани зарари ҷиддӣ ба амвол» ба ҳадди муайяни маблағ маҳдуд нашуда, балки ин амал аз қабили зараррасонӣ, несту нобуд кардан ва ё таҳдид то  чӣ дараҷа ба шуури ҷамъиятӣ ва фаъолияти мақомоти давлатӣ хусусияти таъсиррасониро дорост, муайян менамояд.     Дар зери мафҳуми ибораи «ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок» зарар расонидан ба саломатии одамон, ба муҳлати дароз аз кор мондани корхона, нақлиёти ҷамъиятӣ, алоқа, заҳролудкунии ҳудуди калони маҳал, вайрон намудани низоми кори мақомоти давлатӣ ва идоракунӣ ва ба ҳамин монанд ҳолатҳо, фаҳмида мешавад. Экстремизм (ифротгароӣ)  ва терроризм ба ҳам пайванди ногусастанӣ доранд, зеро маҳз экстремизм боиси ба вуҷуд омадани амалҳои террористӣ мегардад.    Шахсе, ки дар омода намудани кирдори террористӣ иштирок дорад, агар мақомоти давлатиро сари вақт огоҳ созад ё бо роҳи дигар содир гаштани кирдори террористиро пешгирӣ кунад ва агар дар ҳаракатҳои ин шахс дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад. Агар шахс худаш танҳо бошад ва то содиршавии ҷиноят ба мақомоти давлатӣ хабар диҳад, он гоҳ ӯ тибқи моддаи 34 КҶ ҶТ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.    Терроризм ҳамчун ҷинояти дорои характери байналмилалӣ  сарҳад надорад. Худи тероррист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ғайр аз ин, тавре ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон иброз медоранд, терроризм ва экстремизм ба дини мубини ислом иртиботе надорад, чунки ислом дини пок буда, танҳо ва танҳо покӣ, қалби пок ва сулҳу суботро мепарастад.   Созмон ва ташкилоти террористӣ аз бесаводиву каммаърифатии ҷавонон истифода бурда, манфиатҳои хешро бароварда месозанд. Баҳрулло  Абдуллоев – сармутахассиси  Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Зафаробод, аъзои фаъоли ҲХДТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *