Рубрики
Асосӣ

ЗАФАРОБОД: Мулоқоти судманд

Санаи 25- уми августи соли 2022 дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарашон ба вилояти Суғд (санаи 9 -12 августи соли равон) ҷиҳати пешгирӣ аз ифротгароӣ, тарғиби таҳаммулпазирӣ ва баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ дар байни ҷавонон мулоқоти гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Зафаробод баргузор гардид.

Дар мулоқоти мазкур Ширинбеков Садриддин – мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Холиқзода Абдураҳим-директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Замира Мансурӣ-муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ-раиси ноҳияи Зафаробод   иштирок ва суханронӣ намуданд.  Ҳамчунин дар мулоқот сокинони ноҳияи Зафаробод ҷавонон, занон, ходимони дин, аминони маҳал, омӯзгорон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.

Дар баромади худ Ширинбеков Садриддин қайд намуд, ки омили муҳимтарини ҳастии миллат ҳуввияти миллӣ, ваҳдати саросарию муттаҳид будани халқи Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд мебошад. ҲХДТ ҳамчун неруӣ созанда дар  таҳкими ҳадафҳои шоиста ташаббускор ва пешсаф ба ҳисоб меравад.

Холиқзода Абдураҳим бо баромади пурмӯҳтаво дар бораи пешгирии падидаҳои номатлуб, тарғиби таҳаммулпазирӣ, баланд бардоштани худшиносии миллӣ бо баёни далелҳои мушаххас ва истифода аз фарҳангу адабиёти оламшумули ниёгон, сарчашмаҳои динӣ ҳозиринро ба моҳияти мулоқот шинос намуд ва андешаронӣ кард.  

Раиси ноҳияи Зафаробод Раҷаб  Ашурзода вобаста  ба вазъи иҷтимоии ноҳия, руҳияи ватандӯстонаи сокинон маълумот дода қайд намуд, ки мардуми шарафманди ноҳияи Зафаробод бо  пуштибонӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти самарабахши худ ба рушди кишвар саҳм гузошта, дар решакан намудани падидаҳои нангини ҷомеа  ҷалби ҷавонон ба  бунёдкориҳо,  баланд бардоштани эҳсоси худшиносию ватандустӣ ва зиракии сиёсӣ зиндагии худро пеш мебаранд.

Иштирокдорони  мулоқот аз баромадҳои нотиқон таасуроти хуб  бардошта ба ташаббускорони чорабинӣ арзи сипос намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *