Ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” фаъолияти нисолаи худро натиҷабардорӣ намуд. Дар ҷаласаи мазкур, ки бо ҳузури Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон доир шуд, аъзои ташкилот панҷ масъаларо матраҳ намуданд.
1. Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” дар давраи ҳисоботӣ.
2. Интихоби ҳайати Раёсати ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”.
3. Интихоби Раиси ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”.
4. Рафти обунашавӣ ба нашрияҳои ҳизбии “ Минбари халқ” ва “Сухани халқ” барои соли 2022.
5. Масъалаҳои ташкилӣ.
Аз рӯи масъалаи якуми кор ҷаласа роҳбари ташкилоти ибтидоии мазкур Ниёзқулова Дилафрӯз оид ба натииҷаҳои фаъолият дар давраи нимсолаи аввал ҳисобот дод. Сипас аъзоёни ҲХДТ Абдуқаюмов Абдуаҳад ва Қурбонов Фаромӯз зимни музокира фаъолияти ташкилотро дар давраи ҳисоботӣ хуб арзёбӣ намуданд. Пас аз он масъалаи интихоби ҳайати Раёсат ва Раиси ташкилоти ибтидоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳафт нафар аъзоёни фаъоли ҲХДТ ба ҳайати Раёсати ТИ “ Маорифчиён” интихоб гардиданд.
Ниёзқулова Дилафрӯз дар ҷаласа бори дигар бо овоздиҳии кушод ба ҳайси роҳбари ТИ “Маорифчиён” интихоб гардид.
Вобаста ба масъалаи обуна ба нашрияҳои “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” гузориши роҳбари ташкилот шунида шуда, таъкид гардид, ки обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ дар давраи муқарраргардида таъмин хоҳад гашт.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон кормандони соҳаи маорифро ба ҷашни фархундаи 24- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод намуда, доир ба ин ҷашни фархунда ва дигар арзишҳои милливу давлатдории мо нутқи пурмӯҳтаво ироа намуд. Ҳамчунин хулосаҳои хешро доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” ва фаъолияти дигар ташкилотҳои ҳизбии ноҳия баён намуда, ҷиҳати тақвияти бештари фаъолият дар остонаи омодагиҳо ба 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ баён дошт. Номбурда қайд кард, ки ҳар як узви ҳизбро зарур аст, ин ҷашни фархундаро бо дастовардҳои арзанда пешвоз гирад. Оиннома ва Барномаи ҲХДТ меҳвари асосии фаъолият қарор дода шуда, шарафу масъулияти аъзои ҲХДТ буданро ҳар як узви ҳизб бояд дар мадди аввал қарор бидиҳад.
Дар ҷамъбасти маҷлис вобаста ба масъалаи ташкилӣ ба якчанд нафар омӯзгорон ва хонандагон, ки дар чорабиниҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ фаъолона иштирок доштанд, Сипоснома ва тӯҳфаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи маорифи ноҳия тақдим карда шуд.
Ҳамчунин якчанд нафар омӯзгорони фаъол ба сафи ҲХДТ бо тантана қабул гардиданд.