Санаи 11-уми майи соли 2022 дар толори МИҲД-и ноҳияи Зафаробод дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД- и ноҳия ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод конфренсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Оила шоҳсутуни давлат аст” бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Малоҳат Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шарифзода Туйғун Тоҳир, ҳамчунин роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, собиқадорони меҳнат ва шаҳрвандони фаъоли ноҳия иштирок намуданд. Сараввал муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Малоҳат доир ба мавқеи оила дар ташаккули ҷомеаи солим баромад карда, ҳозиринро бо Рӯзи байналмилалии оила табрик намуд. Пас аз он мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия Абдуллозода Раъно, мудири шӯъбаи маориф Ниёзқулова Дилафруз, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шарифзода Туйғун Тоҳир баромад намуданд. Шарифзода Туйғун дар баромади худ ҳозирини конфренсияи номбурдаро бо Рӯзи байналмилалии оила табрик намуд ва моҳияти мавзӯи имрӯза, яъне “Оила шоҳсутуни давлат аст” ба аҳли ҷаъмшудагон маъруза кард. Ҳамчунин доир мавзуҳои ҳифзи марзу буми Ватан даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, гиромидошти арзишҳои миллӣ ва дигар мавзӯҳои меҳварӣ мубодилаи афкор баргузор гардид.
Рубрики
Зафаробод: Оила шоҳсутуни давлат аст
