Рубрики
Асосӣ

ЗАФАРОБОД: ПАРЧАМ – РАМЗИ САОДАТ ВА САРБАЛАНДИИ МИЛЛАТ

  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, ифодагари рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи нек ва лоиқи эҳтироми пиру барнои кишвар гардидааст. Парчами миллат дар қатори дигар муқаддасот рамзи давлату давлатдорӣ ва нангу номуси миллӣ мебошад. Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод ва Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар МТМУ 3, 23 хониши сиёсӣ таҳти унвони “ПАРЧАМ ҲАМЧУН МУҚАДДАСОТИ МИЛЛАТ!” бо иштироки омӯзгорон ва хонандагони муассиса мулоқот баргузор гардид. Масъулин дар бораи ҷашни пуршукӯҳи 30-солагии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, инкишоф бахшидан ба анъанаҳои миллӣ ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз суханронӣ карда, дар фарҷом ҷамъомадагонро бо фарорасии ин ҷашни давлатӣ муборакбод намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *