Рубрики
Асосӣ Мақола

ЗАФАРОБОД: ПАЁМ – МЕҲВАРИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА.

Паём дастури амалест барои фаъолияти минъбаъда ва роҳнамоест барои татбиқи ҳадафҳои бунёдкоронаву созанда дар роҳи расидан ба мақсаду маромҳои нек мебошад. Воқеан дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас гузаштанд. Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар давраи навбатӣ низ баробари муаррифии дастовардҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат дар соли 2022 самти фаъолиятро барои давраи минбаъда мушаххас намуд. Дар Паёми худ сарвари давлат таъкид намуданд, ки мо мактабро ба ҳаӣси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузаштанро аз ҷумлаи масъалаҳои мухимтарин медонем. Ин далели равшани таваҷҷуҳу ғамҳорӣ ба соҳаи маорифи мамлакат мебошад. Ғамхорӣ ба соҳаи маориф ва кормандони он ғамхорӣ нисбат ба таъмини рушди неруи инсонӣ мебошад. Мо кормандони соҳаи маориф бо дарки масъулият ва хештаншиносӣ Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мавриди омӯзиш қарор дода барои тадбиқи дастуру супоришҳои ҳадафмандона ва роҳнамои Президенти Ҷумҳурии Тоқикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём омадааст, дар ҳамаи сохторҳои фаъолияти худ сармашқи кор қарор медиҳем. Ҳамчунин кулли омӯзгорони МТМУ№1 ба номи академик Б.Ғафурови ноҳияи Зафаробод, ҷавобан боз ҳам аз сидқи дил меҳнат карда, аз усулҳои фаъолу пурсамари таълиму тарбия истифода мебарем ва шогирдони шоиста ва бунёдкори ояндаи дурахшони Ватанро дар сатҳи баланд тарбия менамоем. Усмонова Шаҳноза аъзои фаъоли ҲХДТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *