Рубрики
Асосӣ

ЗАФАРОБОД: Рӯзи дониш муборак!

1-сентябр Рӯзи дониш оғози соли нави таҳсили 2022-20232 дар муассисаҳои таълимӣ бо ташкили ҷамъомади тантанавӣ ва табрикоти идона  баргузор карда шуд. Вобаста ба дастури кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод ба муассисаҳои таълимии ноҳияи Зафаробод   сафарбар шуда, ҷомеаи  меҳнатии  муассисаҳои таълимиро ба  Рӯзи дониш татбик намуданд.  Номаи муборакбодии Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз ҷумла ба устодону муҳассилини муассисаҳои таълимии №1 ба номи академик Б Ғафуров (директор Бобозода Ғавҳар), литсейи №1 (директор Эсанов Усмонқул), коллеҷи политехникии ноҳия (директор Пираков Рустам) ва МДТ литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳия (директор Наврӯзов Бобур) расонида шуд.   

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *