Рубрики
Uncategorized

Зафаробод: Сипари боэътимоди Ватан

                           

Бахшида ба 29-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Коллеҷи политехникӣ”-ноҳия чорабиниии идона бо иштироки устодону шогирдони муассиса баргузор гардид. Зимни баромадҳо қайд карда шуд, ки Артиши миллӣ сипари боэътимоди Ватан маҳсуб ёфта, имрӯз ба як ниҳоди тавоно, ки ҳифзи марзу буми кишвар, амнияти давлат ва якпорчагии Тоҷикистони азизро бар дӯш дорад, мубаддал гаштааст. Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар шароити муосир рушд ёфта, афсарону сарбозони ин ниҳод шарафмандона қарзи шаҳрвандӣ ва ифтихори ватандории худро чун рисолати олии инсонӣ адо менамоянд. Боиси ифтихор аст, ки ҳар як ҷавони синни даъват ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ шомил шуда, бо савганди ҳарбӣ садоқати худро барои хизмат ва Ватан ва Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хизмати софдилона собит менамояд. Ин нукта ва таманниёти ҷашни зимни табрикот аз ҷониби иштирокдорони чорабинӣ ироа гардид. Ҳамчунин дар чорабинии тантанавӣ ғолибони мусобиқаи варзишии футболи хурд, ғолибони озмуни иншои беҳтарин ва расми беҳтарин қадршисонӣ гардиданд. Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Шарифзода Туйғун Тоҳир, мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия Авезов Беҳзод, директоори коллеҷи политехникии ноҳия Пираков Рустам ва дигар меҳмонон иштирок ва суханронӣ намуданд. Барномаи рангини донишҷуёни муассиса ба тантанаҳои ҷашни ҳусни хоса бахшид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *