Рубрики
Uncategorized

Зафаробод: Соле, ки дар саҳфаи таърих бо хатти заррин навишта мешавад

        Ҷиҳати  шоистаю сазовор истиқбол гирифтани соли 2021 сокинони Тоҷикистони маҳбуб солҳо омодагӣ дида, фарорасии соли 2021-ро бесаброна интизор буданд. Зеро дар ин соли файзбор Истиқлоли кишвар 30-сола шуда, ин санаи муборак бо тантанаю шаҳомати хоса, таҷлил карда шуд.  Мусаллам аст, ки бо шарофату шафоати нусратбори Истиқлоли кишвар Тоҷикистони навин  роҳи рушду шукӯфоии худро муайян намуда, барои ноил гардидан ба ҳадафҳои бузурги давлатдорӣ хурду бузурги кишвар дар ин сол низ  садоқатмандона меҳнат намуданд.

Соли саодатбори 2021 бо вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ,  кӯшишу талошҳои ҳар сокини мамлакат дар самти татбиқи нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ равона гардида, сокинони шаҳру деҳоти мамлакат тавонистанд дар самти ободу зебо гардонидани  диёр, бунёди иншооти хурду бузурги иҷтимоию саноатӣ ва хизматрасонӣ ба натиҷаҳои олӣ расанд.  Бештар аз ҳама таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки Тоҷикон давлатдор, давлатсоз, бунёдкору созанда буда, тақдири хешро бо дасти худ менависанд. Арзишҳои миллиро гиромӣ медоранд. Сарзамини воҳид доранд ва ба ояндаи дурахшон суботқадамона равона мебошанд.  

Маврид ба зикр аст  дар қатори чорабиниҳои муҳими соли 2021,   ҳамоиши Созмони Ҳамкории Шанхай ва СААД аз руйдодҳои муҳими сиёсӣ буд, ки аҳамияти ҷаҳонӣ дошт ва баргузории муваффақонаи он нуфӯзи Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмиллаӣ афзун намуд. 

         Сокинони ноҳияи Зафаробод низ ин соли бузурги таърихиро бо дастовардҳои арзанда истиқбол намуда, саҳми сазовори худро дар рушди кишвар гузоштанд. Бунёд ва ба истифода додани зиёда аз 400 иншооти ҷашнӣ аз иқдомоти созандаи мардуми заҳматқарини ноҳияи Зафаробод аз ҷумла аъзоёни ҲХДТ шаҳодат медиҳад.

          Руйдоди дигару  муҳиме, ки давоми соли 2021 ба вукӯъ пайваст ироаи навбатии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии мамлакат мебошад, муҳимтарин самтҳои фаъолиятро барои соли 2022 муайян намуд.

Бо итминони комил гуфта метавон, ки соли 2021 дар саҳфаи дурахшони таърихи миллат бо сатри заррин сабт гардида, сокинони ин сарзамини ваҳдатофар зери раҳнамоию ҳидоятҳои Қаҳрамонфарзанди худ, меъмори Тоҷикистони навин мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тадбиқи ҳадафҳои волои давлатдорӣ ба соли 2022 қадам мегӯзорем.

         Ба тамоми ҳамватанони арҷманд соли нави мелодии 2022-ро, ки моро ба ҷашни дигари фархундаи миллат- 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебарад, шодбош мегӯем.

               Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

             дар ноҳияи Зафаробод Туйғун Шарифзода

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *