Рубрики
Асосӣ

ЗАФАРОБОД: Тадбиқи дастури Пешвои миллат

         Самаранок истифода бурдани ҳар як порчаи замин, руёнидани як чанд ҳосил ва захира намудани маводи зимистона дастури бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  буда, сокинони мамлакат ин дастурро ҷиҳати таъмини зиндагии шоиста самаранок истифода мебаранд.

         Абдумалик Самадов сокини Ҷамоати шаҳраки Зафаробод дар самти  тадбиқи дастури ғамхоронаи Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз замини назди ҳавлии худ як чанд зироатҳо дар 2-3  кишт руёнида. маводи зимистона то ду ва се сол захира менамояд.  Дар ҳавлии шаҳрванд гармхонаи лимӯ, анбори ба сомони маводи зимистона, яхдон барои ғунҷонидани  3 тонна маҳсулот  мавҷуд буда, дар ин ҷо маводҳои хурока аз қабили хушкмеваҳо, донагиҳо, асал, каду, ҳар гуна сабзавоти хушккардашуда, маводи гуштии хушконидашуда нигоҳ дошта мешавад.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода З.М аз шароити рӯзгордорӣ, хоҷагидорӣ ва ташкили нигоҳдории маводҳои хурока шинос гардида, ин иқдоми Абдумалик Самадовро намудани ибрат арзёбӣ намуд.  Зуфар Исмоилзода  таъкид дошт, ки дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо ҳамин гуна ташаббусҳо тадбиқ гардида, ҳар як шаҳрвандро зарур аст ҷиҳати таъмини зиндагӣ, омода будан ба давраи зимистон масъулият   ва ташабускориро ба роҳ монад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *