Рубрики
Асосӣ

ЗАФАРОБОД: ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ”

Таъсиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим Ташкилоти тарзи ҳаёти солим то соли 2000 бо номҳои гуногун фаъолияти худро пеш мебурд. Аз соли 2000 то ин ҷониб ҳамчун Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим фаъолият намуда, ҳоло дар корҳои тарғиби тарзи ҳаёти солим ба сокинони ноҳия корҳои назаррасро ба сомон расонида истодааст. Мавриди зикр аст, ки дар давраи бемории сироятии COVID-19 кормандони ташкилоти номбурда муташаккилона бо кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод дар корҳои тарғиботию ташвиқотӣ мунтазам иштирок намуда, дар рӯзҳои мушкилии мардуми ноҳия масъулият ва садоқатмандии касбии худро исбот намуд. Имрӯз ин ташкилот яке аз беҳтаринҳо маҳсуб ёфта, кормандон бо эҳсоси баланд дар корҳои тарғиботӣ ва тарғиби ҳадафҳои шоистаи давлату Ҳукумат фаъолияти самараноки худро пеш мебаранд. Дар ташкилоти мазкур ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои олию созандаи ҲХДТ ташкилоти ибтидоӣ таъсис дода шуда, Содиқова Адиба роҳбари ташкилоти ибтидоии “Тарзи ҳаёти солим” интихоб гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *