Рубрики
Асосӣ

ЗАФАРОБОД: Терроризм ва экстремизм падидаи номатлуб

     Ҷаҳони имрӯз зери хатари ҷиддии падидаҳои номатлуб, аз қабили терроризму экстремизм қарор гирифтаст. Ин зуҳуроти номатлуб тамоми ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш оварда, аксарияти давлатҳои дунё эълон кардаанд, ки мо бар зидди ин зуҳурот, яъне терроризму экстремизм мубориза мебарем. Айни замон гурӯҳҳои террористӣ барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд ва мақсади асосии онҳо ноором сохтани давлат ва бо роҳи зӯри ба сари ҳокимият омадан мебошад. Гурӯҳҳои террористӣ барои анҷом додани амали ваҳшиёнаи худ ба мазҳабу дин такя мекунанд, ки ин ба дин ҳеҷ алоқамандӣ надорад. Сабаб ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносии миллӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани ин гурӯҳҳои ифротгаро мегардад. Аз ин пас мо ҷавонон, ки дар чунин айёми созандагиву бунёдкорӣ оромиву амният ва айёми гулгулшукуфонии ватан ба дунё омадаем, ва мо бояд ба қадри ин ҳадяи гаронбаҳои сарнавишт, яъне мамлакати тинҷу осуда бирасем. Ва онро аз ҳар гуна хоинони миллат ва мухолифон ҳифз намуда ба пешрафт ва тараққиёти ин сарзамини биҳиштосо ҳиссаи худро дареғ надорем.

Шомурод Шоназаров – мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Зафаробод, аъзои фаъоли ҲХДТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *