Рубрики
Асосӣ

ЗАФАРОБОД: “ШАҲИДИ КОРЗОРИ НАНГУ НОМУС”

Маросими ёдбуди марҳум Одинаев Муҳаммадҷон дар деҳаи Бахти Ҷамоати деҳоти Равшан Санаи19.02.2023 дар Ҷамоати деҳоти Равшан деҳаи Бахт маросими ёдбуди фарзанди шуҷои Ватан Одинаев Муҳаммадҷон баргузор гардид. Дар маросими ёдбуд Муовинони Раиси ноҳия мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, Муовини сардори Раёсати кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд Исломзода Фирӯз, Сардори шуъбаи дар нохияи Зафаробод будаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Давлатзода Зикрулло, Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Туйғун Шарифзода ва дигар меҳмонон аз гушаю канори Тоҷикистон ташриф оварда оиди қаҳрамониҳои фарзанди шуҷои ватан таманниёти худро изҳор доштанд. Сипас аз ҷониби хонандагони муассисаи таҳсилоти миенаи умумии N12 барномаи фархангӣ ташкил намуда доир ба фаъолияти кории қаҳрамони шуҷои Ватан саҳначаҳо ба намоиш гузошта шуд. Ҷавонмарди шуҷоъи диёр Одинаев Муҳаммадҷон Ҳусейнович, ки тарбиятгирандаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 буда, хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, ватандӯстию шуҷоат дар ниҳодаш ба воя расида, давраи хизмати ҳарбиро низ сарбаландона паси сар намудааст. Муҳаммадҷон Одинаев пас аз хатми мактаб барои амалц гардидани орзую хавасхо соли 2013 ҳуҷҷатҳои худро ба мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида, соли 2018 мактаби мазкурро бо баҳои хубу аъло хатм намудааст. моҳи августи ҳамон сол ба қисми низомии ноҳияи Дарвози Куҳистони бадахшон ба вазифаи сарпарасти қушунҳои сарҳадии кумитаи давлатии амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. бо дарназардошти хизматҳои содиқона ба Ватан ба вазифаи сарпарасти гуруҳи «Алфа» дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таъин гардида адои хизмаи намудааст. Аз моҳи ноябри соли 2021 то 16 сентябри соли 2022 дар қисми сарҳадии вилояти Суғди қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намуда дар ҳамин сана дар ҷанги муноқишавии марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар деҳаи Ворухи шаҳри Исфара, баҳри озодиву истиқлоли миллӣ ҷони худро бохт. Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон барои хизматҳои шоистаи қаҳрамони шуҷои Ватан аз маркази шаҳри Хуҷанд як хонаи ду ҳуҷрагӣ бо тамоми лавозимоташ ба фарзандони ӯ қадрдонӣ гардид, ки ин амали нек ғамхории Ҳукумати кишвар нисбати хизматчиёни ҳарбӣ мебошад. Муҳаммадҷон Одинаев дар умри кутоҳи худ баҳри хизматҳои ҷонсупоронааш ӯ бо ордену медалҳо, ифтихорнома ва сипосномаҳо қадрдонӣ гардидааст. Натиҷаи хизматҳои шоиста, далерию шуҷоат ва қаҳрамониҳои афсарону аскарони Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки мову шумо имрӯз дар як вазъияти ором ва тинҷу осуда кору зиндагӣ дорем. Мо хотира ва номи неки онҳоеро, ки баҳри истиқлоли кишвар, таъмини сулҳ, оромиву осудагии мардум ҷони худро аз даст додаанд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳем кард. Диловарӣ ва қаҳрамониҳои ин ҷавонмарди ҷасури миллатдӯсту ватанпараст аз ёдҳо ҳаргиз фаромуш нахоҳад шуд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия имрӯз тасмим гирифтааст, ки ба хотири далериву қаҳрамонии чунин фарзанди бонангу номуси диёр ва барои зинда нигоҳ доштани номи некаш як маҳаллаи зебоеро ба номи фарзанди баруманди диёр Одинаев Муҳаммадҷон номгузорӣ намояд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод ва тамоми сокинони ноҳия ба ҳамдиёрон, аҳли оила ва пайвандони фарзанди шуҷои ватанро барои номгузорӣ шудани чунин маҳаллаи зебо муборакбод намуда, ба ҳамаи шумоён тансиҳатӣ хотири ҷамъ ва тамоми хушиҳои рузгорро таманно менамояд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *