Рубрики
Uncategorized

ЗАФАРОБОД: Шоҳмот-бозии зеҳнист

Санаи 28- уми феврали соли 2022 тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод ва вобаста ба барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд №14 аз санаи 15 феврали соли 2022 бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи модар дар толори варзишии МТМУ №20 мусобиқаи зеҳнии “Шоҳмот” байни бонувони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳия баргузор гардид. Чорабинӣ тибқи меъёрҳои муқарраргардидаи низомнома баргузор гардида, дар он дӯстдорони намуди варзиши шоҳмот аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ иштирок намуданд. Дар натиҷа ҷои якумро Толибова Дилола – намоянда аз ТИ “Мактаби варзишӣ”- и ноҳия, ҷойи дуюмро Толибова Райхона намояндаи ТИ “Мактаби варзишӣ” ва ҷойи сеюмро Олимова Адиба намоянда аз ТИ “Маорифчиён” сазовор гардида, бо медал, диплом ва тӯҳфаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин барои иштироки фаъолона ба Сафарова Севара намоянда аз ТИ “ Коллеҷи политехникии ноҳия”, Норқӯзиева Нуринисо намоянда аз ТИ “ Маорифчиён”, Ҳошимова М намоянда аз ТИ “ЛКТСК”- и ноҳия бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод сарфароз гардонида шуданд. Чорабинии мазкур дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон варзиш ва сайёҳии ноҳия, мактаби варзишӣ баргузор гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *