Ватан муқаддастарин вожа, гиромитарин меъодгоҳ ва азизтарин маскану макон буда, муҳаббати у ҳамрадиф бо қиммати Модар мебошад. Ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи муқаддас ва рисолати бузурги шаҳрвандӣ маҳсуб ёфта, ин масъулият ба дӯши фарзандони сарсупурда ва ҷавонони далеру шуҷоъи Ватан вогузор шудааст.
Дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр мегардад, ки “Ҳифзи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”
Воқеан хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, мактаби мардонагӣ, расидан ба қадри модар, дӯст доштани ҳаёт, дарси садоқат ва тарбияи зиндагист.
Таърих гувоҳ аст, ки барои ҳифзи марзу буми хеш аз аҷнабиёну ғосибон фарзандони сарсупурдаи миллати тоҷик қаҳрамоиҳо нишон дода, нагузоштаанд, ки бо хоки поки Ватан қадами нохалафе бо нияти нопоке бирасад. Қаҳрамонфарзандони ии миллат дар набардҳои озодихоҳона ҷони худро сипар кардаю хонаю дар зану фарзанд ва хоки муқадасси Ватани худро ҳимоят кардаанд. Спитамену Деваштич, Темурмалику Восеъ баринҳо ифтихори миллат буда, корнамоиҳои зиёда аз сесадҳазор фиристодагони Тоҷикистон дар Ҷанги бузурги Ватанӣ дарси мардонагӣ ва сабақи ватандорист.
Имрӯз таърихи навини тоҷик фидокориҳои муборизони ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳам бо хатти зарин сабт хоҳад намуд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамояд “Ҷавонони мо бояд ин Ватан-Тоҷикистони азизро соҳиби намоянд, онро ҳифз кунанд, обод кунанд, барои ояндагон мерос гузоранд “.
Боиси шарафу ифтихор аст, ки ҳамасола баробари фаро расидани маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони далеру шуҷои Ватан аз ҳар гӯшаю канори кишвар ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ сафарбар мешаванд. Маъраки даъват ба як маросими тантанавӣ табдил ёфта, ба худ шукӯҳи хосаро касб кардааст.
Дар ин маъракаи тантанавӣ унсурҳои олии ниёгон гусели ҷавонмардон, маросими нонгазонӣ, рақсу сурудхониҳо дар васфи Ватан –модар, хайрухуши наварӯсону дилдодагон, дуои пири хирад ба хотири кушоиши сафар зиннати хоси маъраки гусели даъватшавандагон ба аскарӣ мебошад.
Воқеан вазъи номусоииди ҷаҳон ҳар як ҷавони ватандорро водор мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои хифзи Ватан, арзишҳои олии он ҳамеша омода бошанд. Суннатҳо ва анъанаи неки гузаштанони қаҳрамонамонро идома дода, савганди ҳарбӣ ёд кунанд ва муҳофизи ин марзу бум бошад.
Бо итминони комил гуфта метавонем, ки имрӯз дар ҳамаи қисмҳои низомии мамлакат беҳтарин шароитҳои хизмат фароҳам оварда шуда, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукаммалии ҷузъу том ва афсарону аскарони обутобёфта аз беҳтарин ниҳодҳои қудратӣ дар минтақа муаррифӣ гардидааст.
Танҳо ҳар фарди худогоҳи кишвар бахусус ҷавонони синни даъватро зарур аст, андешаи волою шарафманди ХИЗМАТ БА ВАТАН-ро дар тафаккури худ ҷой дода, барои иҷрои ин қарзи шаҳрвандӣ ва гузаштан аз мактаби бузурги мардонагӣ иқдом намоянд. Садоқати худро ба Модар ба Ватан ба Тоҷикистон ва ба Президенди маҳбуби кишвар, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон бидиҳанд.
Туйғун Шарифзода –
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод