Чунин нуктаҳо дар мулоқот бо ҷавондухтарон ва наварӯсони коллеҷи технологии ба номи Абдулаҳад Қаҳҳорови шаҳри Конибодом, ки бо иштироки раиси Шӯрои собиқадорони кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Тӯраева Муаззама, мудири бахши САҲШ-и шаҳр Зоҳидӣ Фирӯза, намояндаи шӯъбаи кор бо занони МИҲД-и шаҳр Шарипова Ҳилола ва муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фирӯза Шерматова санаи 21.04.2021 сурат гирифт,гуфта шуд.
Мутобиқи нақшаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом дар коллеҷу литсейҳо ва муассисаҳои таълимии шаҳр бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои номатлуб ва зуроварӣ дар оила, паст намудани шумораи ҷудошавии оилаҳои ҷавон, фарҳанги истифодаи телефонҳои мобилӣ, тарғиби либосҳои миллӣ, иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” , “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ва дигар масоили рӯз бо иштироки ҷавондухтарон ва наварӯсон мулоқоту сӯҳбатҳо ба роҳ монда шуда, гирди мизи давр ҷараён гирифта истодааст ва баргузории чунин чорабиниҳои тарғиботӣ баҳри мустаҳкамии оилаҳои ҷавон таъсиргузор хоҳад буд.
Зимни мулоқоти имрӯза масъулин ва бобати масъалаҳои болоӣ табодули афкор намуданд. Мулоқот озоду самимӣ сурат гирифта, рафти мулоқот навори тарбиявӣ ба ҳозирин намоиш дода шуд ва дар фарҷом хулосабарориҳо тариқи пурсишу посух сурат гирифт.