Рубрики
Uncategorized

ЗИНДАГӢ ЗЕБОСТ БО КӮДАКОН

Ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон  дар сар то сари ҷумҳурии азизамон чорабиниҳои идона дар сатҳи баланд баргузор гардида истодааст. Дар партави дастуру ҳидоятҳои созандаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд бо иқдоми кумиҷроияи шаҳрии ҳизб чорабинии идона баргузор гардид.

Кӯдакони хушбахти диёрро Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон табрику муборакбод гуфта, баён дошт, ки Пешвои муаззами миллат ҳамеша дастгир, ғамхор ва мутаккои кӯдакон буда, барои ба таҳсил ва шароити хуби зиндагӣ фаро гирифтани онҳо аз тамоми воситаву имкониятҳо истифода мебаранд. Чунин ғамхориҳо дар пайравӣ аз иқдомҳои наҷибонаи Пешвои муаззами миллат дар вилояти Суғд низ таҳти роҳбари Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода низ хубу шоиста роҳандозӣ шудааст. Кӯдакони даврони соҳибистиқлол аз насли хушбахт ҳастанд, ки дар фазои орому осуда ва беҳтарин шароит мехонанд ва истеъдодашонро тақвият мебахшанд. Мавсуф аз насли ояндасози миллат даъват ба амал овард, ки рӯй ба китоб оранд, фориғ аз машғулиятҳо ба андӯхтани дониш ва меҳнати самаровар машғул гарданд. Зеро Ватан аз онҳо умеди зиёд доранд.

Дар баромади Маликисломӣ Наим Мунаввар зикр шуд, ки муҳимияти ин сана дар он зоҳир мегардад, ки дар ин рӯз ҳисси масъулиятшиносии калонсолон ва волидайн нисбат ба кӯдакон зиёдтар мешавад. Вақте волидайн бо кӯдак мисли калонсол муносибат намуда, ба дархостҳояш гӯш медиҳанд, он замон заминае фароҳам мешавад, ки кӯдакон ба ҳаёт омода гарданд. Яъне таваҷҷуҳ ба кӯдакон барои рушди афкор ва донишу малакаи онҳо мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, ҳар сол расм шудааст, ки кумиҷроияи шаҳрӣ бо дастури бевоситаи роҳбарияти олии ҳизб кӯдаконро ба ин рӯзи фаромӯшношуданӣ табрик мекунанд.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба 80 нафар кӯдакон тӯҳфаҳои таъсиснамудаи кумиҷроияи шаҳрӣ тақдим карда шуд.

Ҳамчунин аз ҷониби аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” – и шаҳри Хуҷанд ба дӯстрӯякон шириниҳо ва варақаҳои табрикотӣ ҳамчун армуғон супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *