Рубрики
Мақола

ЗИ ДУРӮҒ РӮЙИ АҚЛАШ БЕФУРӮҒ АСТ

Хабарҳо ва воқеаҳое, ки рузҳои охир тариқи сомонаҳо дар бораи нағмаву қаллобиҳои Иззат Амон пахш шуда истодаанд ҳамагонро ба ташвиш овардааст. Баъди боздошт шудани вай дар ҳамаҷо овозаву дарвозаҳои зиёданд. Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст тайи 20 сол аст, ки Иззат Амон дар Федератсияи Руссия ҳомиёни ҳуқуқ ва раиси Маркази муҳоҷирони тоҷикон дар Маскав асту фаъолияти ҳукумати имрӯзаи моро зери танқиди худ қарор медиҳад. Вай сӯйистифода аз вазифааш баъзе ҳадафҳои худро роҳандозӣ менамояд ва бо роҳи фиребу найранг маблағе, кимуҳоҷирон ба умед кор мекунанд беинсофона мегирад ва барои манфиати худ истифода мебарад. Таи чанд муддат Иззат Амон ғайб зада буд ва дар кофтукоб қарор дошт. Баъди аз Руссия депортатсия шудан вайро дар Тоҷикистон дастгир намуданд ва нисбати вай парвандаи ҷиноӣ кушоданд. Оилааш иброз дорад, ки Иззат Амон бегуноҳ аст ва дар ҳолати ҳабс шуданаш ба мақомотҳои болои муроҷиат мекунад. Вале онро бояд бигӯям, ки

Дурӯғ, эй бародар, магӯ зинҳор,

Ки козиб бувад хору беэътибор.

Иззат Амон худ, ки пешвоёни муҳоҷирон дар Русия аст ва бо ҳар ҳиллаҳо онҳоро сарнагун карда ба доми фиребу найранги хеш кашидааст имрӯз бошад ба он дом худаш афтод.Чуноне, ки мегӯянд “чоҳкан зери чоҳ” . Вай истифода аз он, ки муҳоҷирони бечора ҳуқуқҳои худро намедонанд бо ҳаргуна гапҳои дурӯғ онҳоро сарнагун кардааст. Ва ҳатто чунон амал кардааст, ки баъди ҷабр дидан муҳоҷирон ба ҳеҷ куҷо муроҷиат карда наметавонанд. Зеро вай, ки худаш ҳуқуқшинос аст чунон ҳиллаҳоро месохт, ки касе вайро айбдор карда наметавонист. Вай ҳатто ҳизби муҳоҷиронро дар Федератсияи Руссия ташкил кардани буд. Хушбахтона ин кор ба вай насиб нашуд.

Дар ҷое, ки Иззат Амон аст, дар ҳамон ҷо қаллобиву найранг дар авҷ аст. Агар вай инсони хубу дилсӯзи муҳоҷирон мебуд ва халқи худ, миллати тоҷикро дӯст медошту ба он содиқона хизмат кардан мехост пас чаро аз шаҳрванди Тоҷикистон буданаш даст кашид? Мақомоти полиси Москваҳуҷҷатҳои вайро бекор карданд. Зеро, ки он ҳуҷҷатҳо ғайриқонунӣ буданд. Акнун худ тасаввур кунед, вақте, ки ҳуҷҷатҳои худи Иззат Амон ғайриқонунӣ бошанд пас вой бар ҳоли ҳуҷҷатҳои муҳоҷироне, ки ба вай бовар карданд. Давидани гӯсола то каҳдон гуфтаанд. Хуб шуд, ки ӯ дастгир шуд ва мо хоҳони онем, ки вай ба ҷазои сахт сазовор гардад.

Ҳар он касро, ки гуфтораш дурӯғ аст,

Зи рӯйи ақл рӯяш бефурӯғ аст.

БИОИШАИ НАЗАР

АЪЗОИ ТҶҶ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН”

ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *