Рубрики
Uncategorized

ЗОДРӮЗИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН ЁДОВАРӢ КАРДА ШУД

Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд,

Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд.

Сарзамини мо худ аз осори ӯ сар мешавад,

Ин замин бо ӯ ба дунёе баробар мешавад.

Ба хотири гиромидошти хизматҳои қаҳрамононаи фарзанди фарзонаи миллат, устод Садриддин Айнӣ бахшида ба зодрӯзашон бо иштироки аъзоёни ҲХДТ, аҳли зиё ва устодон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод дар назди муҷассамаи устод Садриддин Айнӣ маросими гулгузорӣ баргузор гардид. Ҳамчунин дар ҷамъомади мазкур табрикоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод бо муносибати зодрӯзи адиб расонида шуда, доир ба хизматҳои шоиста дар шинохти асолати миллӣ, таърих ва адабиёти тоҷик аз ҷониби иштирокдорон ёдоварӣ карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *