Рубрики
Last News

Идатон муборак, бонувони тиллокор

          Дар ҷамъомади тантанавие, ки кумиҷроияи ибтидоии ҳизбии ҶДММ  КМ “Зарафшон”  ба ифтихори Рӯзи модарон баргузор намуд, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Парвина Тошева ва мудири шӯъбаи ташкилии кумиҷроия Шерзод Раҳматов иштирок намуда,  бонувон- кормандони ин коргоҳи азими саноатиро бо идашон табрик намуданд.

          Муовини раиси Кумиҷроияи ташкилоти ҳизбии шаҳр Парвина Тошева аз сиёсати муваффақи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боло бурдани ҷойгоҳу  нақши занон дар ҷомеа, арҷгузорӣ ба онҳо, саҳми бонувон дар иҷрои нақшаҳои истеҳсолии корхонаи муштарак, фаъолияти кумиҷроияи ибтидоии ҳизбии он  сухан карда, ба 30 нафар занон- кормандони фаъоли коргоҳ сипоснома, номаи табрикӣ ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакентро тақдим намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *