Дар асоси барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз санаи 08.02.2021 сол таҳти №17 бахшида ба 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 19-уми феврали соли равон дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт чорабинии идона таҳти унвони “Гар зи ишқи Ватан ҳарф мезанӣ, сарбоз шав” бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ, мудири бахши фарҳанги МИҲД-и ноҳия Турсунов Акмал, сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ ва кормандону фаъолони ҳизб доир гардид.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ ва мудири бахши фарҳанги МИҲД-и ноҳия Турсунов Акмал сарбозону афсарон ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарифи ноҳияро ба бисту ҳаштумин солгарди Артиши миллӣ таҳният намуда, қайд карданд, ки ҳарчанд рӯзҳои нахустини таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ барои давлати ҷавони мо давраи ниҳоят душвор буд, вале бо вуҷуди ин мо мардум болида аз он ҳастем, ки дар диёри биҳиштосоямон бо донишу ғайрат, заковату садоқат ва талошу ҷонбозиҳои фарзанди бонангу номуси Ватан, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон барқарор гардида, заминаи сулҳ, субот, оромӣ, осудагӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳаёти осоишта, умеди устувор ба зиндагии имрўзу оянда фароҳам оварда шуд.
Дар назди бинои КИН бахшида ба 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд. Инчунин дар охир ба чорабинӣ барномаи фарҳангии таҳиянамудаи Ташкилоти ибтидоии Китобхонаи марказӣ дар назди бахши фарҳанги МИҲД-и ноҳияи Ашт ҳусни хосае зам намуд.