АШТ Дар асоси ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ санаи 16-июни соли равон маҷлси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии дар назди маркази саломатии Ҷамоати деҳоти Меҳробод ва ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди ХДФ “Ниҳолпарварӣ”-и Ҷамоати деҳоти Меҳробод бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ аъзоёни фаъоли ҳизб баргузор гардид.
Зимни баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ, сараввал раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии мазкур ҳисобот доданд.
Сипас раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии дар назди маркази саломатии Ҷамоати деҳоти Меҳробод ва ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди ХДФ “Ниҳолпарварӣ”-и Ҷамоати деҳоти Меҳробод аз нав раиси ташкилоти ибтидоӣ бо овоздиҳии аъзоёни ҲХДТ интихоб гардиданд.