ДУШАНБЕ, 22.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз соати 17:30 дар шаҳри Хоруғ дар маҳаллаи Хоруғи Боло бар асари муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ, саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии м. Бархоруғ Мамадбокиров Мамадбокир Карамалишоевич кушта шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ хобар доданд.
Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби Прокуратураи вилоят тафтишоти пешакӣ оғоз гардид.
Мамадбоқиров Мамадбоқир кӣ буд?
22-юми май соати 17:30 дар маҳаллаи Бархоруғи шаҳри Хоруғ бар асари муноқишаи байниҳамдигарии дохилии ҷинояткорон, саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии маҳаллаи Бархоруғ Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич кушта шуд. Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби Прокуратураи вилоят тафтишоти пешакӣ оғоз гардид.
Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, санаи таваллудаш 10-уми октябри соли 1963, зодаи шаҳри Хоруғ, кӯчаи М.Иҷубов, хонаи 59 мебошад.
Мамадбоқиров Мамадбоқир ба таври ошкоро моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона» ва моддаи 39-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барқасдона вайрон карда, дар маҳаллаи «Хоруғи боло»-и шаҳри Хоруғ гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро созмон дода, даст ба як қатор ҷиноятҳои вазнин, махсусан вазнин, инчунин терроризм задааст. Ӯ бо ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ ҳамкорӣ дошт. Аз ҷумла, бо супориши роҳбарони фирории ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати ислом бетартибиҳои оммавӣ ташкил менамуд. Мамадбоқиров М.К. аз ҷониби ТТЭ ҲНИ тавассути Алим Шерзамонов барои ташкили бетартибиҳои оммавӣ, инчунин халалдор сохтани вазъияти шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он маблағҳои калони пулӣ гирифтааст.
Мамадбоқиров М.К. шумораи зиёди силоҳ ва лавозимоти ҷангиро дар ихтиёраш дошт. Бо истифода аз силоҳ куштор ва бетартибиҳои оммавӣ ташкил кардааст. Масалан, 25-уми ноябри соли 2021, бо супориши Мамадбоқиров М.К. дар майдони марказии шаҳри Хоруғ силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ тақсим карда шуд. Бо супориши бевоситаи ӯ ба биноҳои маъмурӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамлаҳои мусаллаҳона сурат гирифааст. Моликияти давлатиро нобуд намудааст.
Мамадбоқиров М.К. аз бетарафӣ ва муросокории баъзе сокинони шаҳри Хоруғ истифода бурда, фарзандони онҳо, ҷавонони аз назари донишу ҷаҳонбинӣ заифро дар атрофи худ ҷамъ карда, ғояҳои ҷиноятиро дар мафкураи онҳо ҷой намуд.
Давоми солҳои тӯлонӣ кирдорҳои ҷиноятии ӯ бар зидди пояҳои қонунӣ ва ҳуқуқии сохти конститутсионӣ, таҳқири намояндаи ҳокимият, халал расонидан ба фаъолияти сохторҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, барангехтани кинаву адовати маҳаллӣ, ташкили бетартибиҳои оммавӣ, эътироз ва гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ, хароб сохтани иншоот ва моликияти давлатӣ, таҳти хатар гузоштани ҳаёти дигар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, авбошӣ, гаравгонгирӣ, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ ва монеагӣ дар тафтишу таҳқиқи парвандаҳои ҷиноятӣ равона шуда буд.
Мамадбоқиров М.К. пайваста аз таъқиби ҷиноятӣ фирор мекард. Дар ҳудуди маҳалли зисташ ҷавонони гумроҳро мусаллаҳ намуда, навбатдории шабонарӯзӣ ташкил мекард. Чандин маротиба роҳи байналмилалии «Кулма-Мурғоб-Хоруғ»-ро баста, ба иқтисодиёти кишвар миллионҳо сомонӣ зарар расонидааст.
Мамадбоқиров Мамадбоқир барои даст доштан дар ҷиноятҳои зерин айбдор мешавад:
1. Парвандаи ҷиноятии №51 бо моддаи 2041 қисми 2 КҶ ҶТ соли 1995 (муқобилият нишондиҳӣ ба намояндаи ҳокимият) оғоз карда шудааст.
2. Парвандаи ҷиноятии №38 бо моддаҳои 138, қисми 2 (таҷовуз ба номус) ва 328, қисми 2-и КҶ ҶТ (истифодаи зӯроварӣ ба намояндаи ҳокимия) аз 17.01.2006 сол оғоз карда шудааст.
3. Парвандаи ҷиноятии №8 ва №9 бо моддаҳои 186 қисми 1 (бандитизм), 249 қисми 3 (роҳзанӣ), 199 қисми 3 (тасарруфи силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш) ва 255 қисми 1-и КҶ ҶТ (қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк) 14 августи соли 2008 оғоз карда шудааст.
4. Парвандаи ҷиноятии №24901 бо моддаи 237 қисми 3, банди “а”-и КҶ ҶТ (авбошӣ бо истифодаи силоҳ) 09 декабри соли 2009 оғоз карда шудааст.
5. Парвандаи ҷиноятии №19215 бо моддаҳои 104, қ. 2 бандҳои «а», «б», «ж», «и» (куштор), 186 (бандитизм), 187 қ.2 (иштирок дар иттиҳодияи ҷиноятӣ), 195, қ.3 (ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан ё нигоҳ доштани силоҳ), 199, қ. 4 бандҳои «а», «б» (тасарруфи силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш) ва 329 қ.2-и КҶ ҶТ (таҳдид нисбати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ) оғоз карда шудааст.
6. Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 104 (куштор), 391 (сӯистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳади ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан), 237, қисми 3 (авбошӣ), 181, қисми 3 (ғасби гаравгон) ва 186, қисми 1-и КҶ ҶТ (бандитизм) аз 26.07.2012с. оғоз гардида, Мамадбоқиров М.К. дар кофтуков эълон гардидааст.
7. Парвандаи ҷиноятии №19216 бо моддаи 160 қисми 2 КҶ ҶТ (вайрон кардани тартиби ташкил ва гузаронидани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетҳо ва роҳпаймоиҳо) 14 августи соли 2012 оғоз карда шудааст.
8. Парвандаи ҷиноятии №93338 бо моддаи 328, қисми 1-и КҶ ҶТ (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) аз санаи 01.04.2015сол оғоз карда шудааст.
9. Парвандаи ҷиноятии №27380 бо моддаи 345 қисми 2 КҶ ҶТ (монеъ шудан ба татбиқи адолати судӣ, таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ) оғоз карда шудааст.
10. Парвандаи ҷиноятии №28491 бо моддаи 237 қ.2 бандҳои “в”-и КҶ ҶТ (авбошӣ) оғоз карда шудааст.
11. Парвандаи ҷиноятии №31759 бо моддаи 328 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) 14 январи соли 2019 оғоз карда шудааст.
12. Парвандаи ҷиноятии №19998 бо моддаи 330 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳқири намояндаи ҳокимият) 03 июни соли 2019 оғоз гардидааст.
13. Парвандаи ҷиноятии №27534 бо моддаҳои 330 қисми 1 (таҳқири намояндаи ҳокимият) ва 237 қисми 2 бандҳои “б,в”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ) 15 ноябри соли 2021 оғоз карда шудааст.
14. Парвандаи ҷиноятии №27535 бо моддаҳои 255 қисми 1 (қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк) ва 328 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) 17 ноябри соли 2021 оғоз гардидааст.
15. Парвандаи ҷиноятии №19974 бо моддаҳои 182 қисми 3, банди “а” (ғасби бино, иншоот, воситаҳои иттилоот ва алоқа), 187 қисми 1 ва 2 (ташкил намудани иттиҳоди ҷиноятӣ), 189 қисми 3, банди “а” (барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) ва 248 қисми 3, банди “в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (ғоратгарӣ) 22 августи соли 2018 оғоз карда шудааст.
16. Парвандаи ҷиноятии №28662 бо моддаи 237, қисим 3, банди “а”-и КҶ ҶТ (авбошӣ) аз санаи 10.10.2018 сол оғоз карда шудааст.
17. Парвандаи ҷиноятии №31752 бо моддаҳои 189, қисми 3, банди “а” (барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) ва 188, қисми 1-и КҶ ҶТ (бетартибиҳои оммавӣ) аз санаи 07.01.2019 сол оғоз карда шудааст.
18. Парвандаи ҷиноятии №31757 бо моддаи 330, қисми 1-и КҶ ҶТ (таҳқири намояндаи ҳокимият) аз санаи 10.01.2019 сол оғоз карда шудааст.
19. Парвандаи ҷиноятии №31760 бо моддаи 137, қисми 1-и КҶ ҶТ (таҳқири оммавии Президенти ҶТ ё туҳмат ба ӯ) аз санаи 14.01.2019 сол оғоз карда шудааст.
20. Парвандаи ҷиноятии №31765 бо моддаи 330, қисми 1-и КҶ ҶТ (таҳқири намояндаи ҳокимият) аз санаи 04.02.2019 сол оғоз карда шудааст.
21. Парвандаи ҷиноятии №28226 бо моддаҳои 237, қисми 2, банди “а” (авбошӣ), 328, қисми 2 (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) ва 330, қисми 1-и КҶ ҶТ (таҳқири намояндаи ҳокимият) аз санаи 01.02.2021 сол оғоз гардидааст.
22. Парвандаи ҷиноятии №27241 бо моддаҳои 330, қисми 1 (таҳқири намояндаи ҳокимият) ва 328, қисми 2-и КҶ ҶТ (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) аз санаи 01.04.2021 сол оғоз гардидааст.
23. Парвандаи ҷиноятии №37100 бо моддаҳои 147, қисми 2, банди «а» (вайрон намудани дахлнопазирии манзил), 328, қисми 2 (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият), 330, қисми 1 (таҳқири намояндаи ҳокимият) ва 189 қисми 2, банди «б» КҶ ҶТ (барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) аз санаи 31.01.2022 сол оғоз гардидааст.
24. Парвандаи ҷиноятии №37103 бо моддаи 328, қисми 1 КҶ ҶТ (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) аз санаи 04.02.2022 сол оғоз гардидааст.
25. Парвандаи ҷиноятии №37104 бо моддаи 330, қисми 1 КҶ ҶТ (таҳқири намояндаи ҳокимият) аз санаи 04.02.2022 сол оғоз гардидааст.
26. Парвандаи ҷиноятии №37105 бо моддаи 328, қисми 1 КҶ ҶТ (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) аз санаи 04.02.2022 сол оғоз гардидааст.
27. Парвандаи ҷиноятии №37106 бо моддаи 195, қисми 1 (ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан ё нигоҳ доштани силоҳ), 328, қисми 1 (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) ва 345, қисми 1 КҶ ҶТ (монеъ шудан ба татбиқи адолати судӣ, таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ) аз санаи 05.02.2022 сол оғоз гардидааст.
28. Парвандаи ҷиноятии №37107 бо моддаи 330, қисми 1 КҶ ҶТ (таҳқири намояндаи ҳокимият) аз санаи 05.02.2022 сол оғоз гардидааст.
29. Парвандаи ҷиноятии №37108 бо моддаи 334, қисми 1 КҶ ҶТ (худсарӣ) аз санаи 05.02.2022 сол оғоз гардидааст.
30. Парвандаи ҷиноятии №37111 бо моддаи 330, қисми 2 (таҳқири намояндаи ҳокимият) ва 346, қисми 2, бандҳои «а», «в», «г» КҶ ҶТ (дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ) аз санаи 10.02.2022 сол оғоз гардидааст.
31. Парвандаи ҷиноятии №37121 бо моддаи 330 қисми 1 (таҳқири намояндаи ҳокимият) ва 328 қисми 1-и КҶ ҶТ (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) аз санаи 20.03.2022 сол оғоз гардидааст.
32. Парвандаи ҷиноятии №37131 бо моддаи 187, қисми 1-и КҶ ҶТ (ташкили иттиҳодияи ҷиноятӣ) аз санаи 30.04.2022 сол оғоз гардидааст.
33. Парвандаи ҷиноятии №37131/2 бо моддаи 160, қисми 2-и КҶ ҶТ (вайрон кардани тартиби ташкил ва гузаронидани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳо ва роҳпаймоиҳо) аз санаи 18.05.2022 сол оғоз гардидааст.
34. Парвандаи ҷиноятии №37131/3 бо моддаҳои 179, қисми 3 банди “а” (терроризм), 3072 қисми 1-и КҶ ҶТ (ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ)) аз санаи 19.05.2022 сол оғоз гардидааст.
Дар доираи таҳқиқи ҳар як парвандаи ҷиноятӣ аз тарафи Прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба Мамадбоқиров Мамадбоқир ҷиҳати ҳозир шудан ба мақомоти тафтишот расман даъватнома фиристода мешуд. Аммо номбурда ҳар як дафъа аз даъват саркашӣ намуда, ба мақомоти тафтишот ҳозир намегардид.
Мафкураи ҷинояткоронаи Мамадбоқиров М.К. боис гардид, ки ӯ бо ҳаммаслакони ҷинояткораш ба муноқиша даст зад. Зимни муноқиша, Мамадбоқиров М.К. ва чанде аз ҳаммаслаконаш аз силоҳи оташфишон ҳадафи тир қарор гирифта, охирин кушта шуд.