Рубрики
Uncategorized

Изҳорот: Мушти қудрат дар дӯстист!

Исботи навбатии сиёсати муваффақонаи  роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лаҳзаҳои пуртаҳлукаи муташшаниҷ гаштани вазъи сиёсӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба мушоҳида расид. Қобили изҳоротҳои ягонаи давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай  ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастсҷамъона  ҷиҳати ҳифзи сарҳадоти байни Тоҷикистону Афғонистон ва даъвати якҷоя ба “Толибон”- у гурӯҳҳои сиёсии дигар шаҳодати дастгирии сиёсати кишварамон аз ҷониби мамлакатҳои ҳамкору ҳамраъйамон мебошад.

Мавқеи устувори сиёсию иқтисодӣ дар ҳаллу фасли мушкилотҳои мухталифи минтақавию ҷаҳонӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста пайгирӣ намудаасту менамояд боиси обрӯву эътибори баланду қавии кишвар гардидааст, ки воқеаҳои рӯзҳои охир онро боз як бори дигар тасдиқ менамояд.

Таҳлили ҳаллу фасли мушкилотҳои сершумори сиёсию иҷтимоии кишварҳои гуногуни олам собит месозад, ки дар аксарияти ҳолатҳо кишварҳо барои дастгирию кӯмак ба созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат менамоянду на ҳамеша ҳамовозӣ пайдо менамоянд. Чунин далелҳои мавҷуда гувоҳӣ медиҳад, ки роҳбарияти онҳо на он қадар сиёсати бисёрсамтаи муваффақона доранд.

Хушбахтона дар давраи вазнини паҳншавии бемории сироятии коронавирус, харобшавии иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва дигар омилҳои воқеӣ сиёсати хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аксарияти мамлакатҳо ҷонибдории кулл пайдо кардааст, ки нишонаи мавқеи устувори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон мебошад. Дар ин васила бо назардошти пешрафти раванди ҷаҳонишавӣ мардуми азизу тамаддунсози Тоҷикистонро зарур аст, ки бештар аз ҳозира дар атрофи роҳбарияти олии кишвар сарҷамъу якдил бошанд. Тавассути ваҳдати миллӣ оромиву осудагӣ, созандагию бунёдкориҳои амалишудаистодаро тақвият диҳем ва шукуфоии Ватани маҳбубамонро дар давраҳои минбаъдаи рушд таъмин намоем. Мусаллам аст, ки мардуми заҳматқарини Тоҷикистон доимо ҷонибдори сиёсати хирадмандона, оқилонаю одилона ва дурандешонаи роҳбарияти олии кишвар мебошанд ва баҳри татбиқи ҳадафҳои созандаи он ҳамеша кӯшишу ғайрат хоҳанд кард.

М.С. Собиров – дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *