Рубрики
Uncategorized

Изҳорот

Бо тамошои филми “Шикасти фитна” бори дигар ҳамагон шоҳид гардидем,ки аъзоёни ТЭТ ҲНИТ ҳеҷ гоҳ аз мақсади ғарази худ даст кашиданӣ нестанд.

         Мақсади асосии роҳбарони ин ташкилоти террористӣ оғози нооромиҳо дар Тоҷикистон ва бо истифодаи он соҳиби мансаб гардидан ба ҳисоб рафта, чанд соли охир онҳо кӯшиш намуда истодаанд, ки барои расидан ба ин мақсади ғарази  худ аз мардуми ВМКБ истифода намоянд.

Боиси таассуф аст, ки баъзе аз сокинони ВМКБ аз он ҷумла саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, бо номҳои лидерони ғайрирасмӣ ба суханҳои ин иғвогарон бовар намуда, барои соҳиби маблағ гардидан зидди миллати худ амал намуданд, ки имрӯз аз он пушаймонанд  вале чи тавре ки мегӯянд: “Пушаймони надорад оқибат суд”.

Давоми солҳои соҳибистиклолии кишвар мо шоҳид гардидем, ки аъзоёни ТЭТ ҲНИ  борҳо кӯшиши табаддулоти давлатӣ намуда, барои соҳиби мансаб гардидан ҳатто аз оғози ҷанг дар Тоҷикистон ҳам рӯй нагардонданд.

Хушбахтона имрӯзҳо тамоми сокинони ҷумҳурӣ фаҳмиданд, ки ТЭТ ҲНИ ба миллати тоҷик душман буд ва боқӣ хоҳад монд. Ҳар нафаре, ки аз онҳо пуштибонӣ мекунад дар охир мисли ин лидерони ғайрирасмӣ дар асл саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ пушаймон хоҳад шуд. Зеро онҳо мақсади асосии худро рӯйпӯшона амалӣ намуда инсонро ҳамчун ворисони Аҳриман ба гумроҳӣ мебаранд. То имрӯз ин ташкилоти террористӣ садҳо ҷавонони моро раҳгум намуда сабабгори ба ҷангҳои Сирияву Ироқ кашида шудани онҳо, ба ҷиноят даст задани онҳо ва дар умум сабабгори зоя гардидани умри онҳо шуданд.

Вобаста ба ин ҳар яки моро мебояд, ки ба доми фиреби ин хоинон дигарбора наафтем ва ҳамеша дар фикри ҳимояи марзу бум ва ободии кишвари азизамон бошем.

Мутахассиси шӯъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Ёсуман Аҳмадова

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *