Рубрики
Last News

ИНТИХОБИ РАИСИ НАВИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ ДАР НАЗДИ МДТ “ЛИТСЕЙИ КАСБИ ТЕХНИКӢ” –И ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ШОДОБА

Санаи 19-уми апрели соли равон дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар назди МДТ “Литсейи касбии техникӣ”-и Ҷамоати деҳоти Шодоба маҷлиси интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Хушнуд Каримзода, раиси Шӯрои собиқадорони кумиҷроия Мадаминова Мӯътабар ва кормандону аъзоёни ташкилот баргузор гардид.

Дар маҷлис пешниҳоди раиси нави ташкилоти ибтидоӣ дар назди МДТ “Литсейи касбии техникӣ”-и Ҷамоати деҳоти Шодоба Ибрагимов Иқбол бинобар иваз шудани ҷойи кори собиқ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Исомиддинова Муҳаббат мавриди муҳокима қарор дода шуда, барои интихоб ба овоз гузошта шуд. Аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар назди МДТ “Литсейи касбии техникӣ”-и Ҷамоати деҳоти Шодоба якдилона ба ҷонибдории Ибрагимов Иқбол овоз дода, ҳамчун раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар назди МДТ “Литсейи касбии техникӣ”-и Ҷамоати деҳоти Шодоба интихоб намуданд.

Сипас раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ба раиси нави ин ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар иҷрои вазифаи пурмасъул муваффақият хост. Инчунин таъкид намуданд, ки дар даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро ҷоннок намояд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *