Рубрики
Last News

ИНЪИКОСИ ЧОРАБИНИҲОИ ҲИЗБӢ ДАР РАДИОИ МАҲАЛЛӢ

Масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ, аъзоёни гурӯҳи тарғиботии кумиҷроия, директори китобхонаи марказӣ Холиқова Турсунмоҳ, муҳаррири радиои маҳаллӣ Фарзона Низомова дар барномаи “Илм ва маданият”-и радиои маҳаллӣ ширкат намуда, доир ба мавзӯи “Мирзо Турсунзода мунодии сулҳи тоҷикон” баромад намуданд. Иштирокчиёни барнома аз ҳаёт ва фаъолияти устод ба таври муфассал маълумот дода, мисраҳои назмии эшонро бо садои дилнишин ба саҳми шунавандон гардониданд.

Дар ҷараёни баромад гурӯҳи тарғиботии кумиҷроия доир ба дастовардҳои Истиқлолият, пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷалби ҷавонон ба омӯзиши фанҳои дақиқ, самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, ба исрофкорӣ роҳ надодан суханронӣ намуда, аз шунавандагон, хоса волидайн даъват ба амал оварданд, ки дар баланд бардоштани таълиму тарбияи фарзандон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоянд.

Қобили қайд аст, ки кумиҷроияи ноҳиявӣ ҳамкориро бо Радиои маҳаллӣ ва рӯзномаи “Файзи Зарафшон” вусъати тоза бахшида, чорабиниҳои ҳизбӣ саривақт пешниҳоди шунавандагон ва хонандагон гардонида мешавад ва ин иқдом бомаром идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *