Рубрики
Uncategorized

ИСТАРАВШАН:«ХУД ВА ДИГАРОНРО ҲИФЗ НАМОЕД»

Тибқи дастури Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ҷиҳати пешгирии бемории сироятии «СОVID-19» иқдоми «Худ ва дигаронро ҳифз намоед» гузаронида шуд. Дар доираи ин иқдом бо ҷалби аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ҷойҳои серодами шаҳр ба сокинон 250 варақаи таъсисдодаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан таҳти унвони «10 тавсияи хеле муҳим» ҷиҳати пешгирии бемории сироятии «СОVID-19» ва ба шахсоне, ки ниқоб надоранд 150 ниқобҳои тиббӣ дастрас карда шуд. Дар доираи ин иқдом ҳайати тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан аз ҳисоби бонувону ҷавонон бо сокинони ҷамоати деҳоти «Қалъачаи Калон» дар бораи роҳҳои сироятёбӣ ба бемории СОVID-19 ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ сӯҳбатҳои “рӯ ба рӯ” ва “хона ба хона” гузаронида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *