Тоҷикон яке аз қадимтарин халқҳои Осиёи Марказӣ мебошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз соҳибистиқлол гаштан дар ҷомеаи ҷаҳони муосир ҳамчун як узви комилҳуқуқ эътироф гардида, сиёсати байналмилалии худро дар асоси принсипҳои умумибашарии ба таври сулҳу салоҳ ва осоишта ҳаллу фасл намудани тамоми низоъҳо роҳандозӣ намуда истодааст, ки яке аз комёбиҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Дар асоси маълумотномаи коршиносон тақсимоти ҳудуди сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар таърих бо бастани созишнома ва ҳуҷҷатҳои байнидавлатӣ тасдиқ гардидааст.
Аммо бо вуҷуди тақсимоти марзию ҷуғрофӣ имрӯзҳо давлати ҳамсояи Тоҷикистон – Ҷумҳурии Қирғизистон даъвои заминҳои таърихии Тоҷикистонро доранд, ки ин аз рӯи адолат набуда, хатои маҳз мебошад.
Абдуллои Раҳнамо дар мақолаи худ “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” тамоми ҷабҳаҳои баҳси марзиро дар асоси далелу рақамҳои мушаххас шарҳ додааст. Муаллиф андешаронӣ менамояд, ки тамоми масъалаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон аллакай аз аввали солҳои 1924 тасдиқ гардида, минбаъд тағйир додани он метавонад ба низоъҳои байнидавлатӣ оварда расонад.
Бояд ҳар як фарди кишвар ин таҳлили илмӣ-таърихӣ ва нишондиҳандаҳои асоснокшудаи Абдуллои Раҳнамо – коршиноси сиёсиро донанд.
И.Зокиров