Рубрики
Асосӣ Мақола

ИСТАРАВШАН: Бо Пешвои миллатам ифтихор дорам!

Фахр кун, эй кишварам бо Сарварат…

Ман тоҷикам, фарзанди Тоҷикистонам, тоҷикзодаам, бо куҳҳои сарбаланди Помир, бо обҳои шӯху равони дарёҳо, бо фарзандони фарзонаи миллат ифтихор дорам. Аз пайравии икдомҳои неку ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат ифтихор мекунам.

Ман бифахрам, з-он ки тоҷикзодаам,

Ориёизодаву озодаам!

Моро факат фахр кардан не, балки шукрона кардан низ мебояд. Шукрона бояд кард. Шукри обу шукри хоки Ватан, шукри миллат, шукри Пешвои сулҳофар. Хар лаҳза мебояд мукаддасоти милливу арзишҳои олии Ватанро қадр намуд.

Дар хотир дорам, ки ман низ яке аз иштирокдорони конфронси илмиву назарияви таҳти унвони ” Нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу Вахдат ” будам, дар конфронси мазкур шоира Раънои Сафарзод баромад намуданд ва як ҷумлаи тиллоие, ки дар хотирам нақш бастааст, аз баромади шоира ин аст: “Ҳар рӯзи Пешвои миллат дар 30-соли Истиқлолият каҳрамонӣ буд!”

Оре, дуруст аст. Дар асл ин ҷумла мазмуни хеле фарох дорад. Ин ҷумла ба дастовардҳои халқи тоҷик бо захмату талоши Пешвои миллат дар тули си соли Истиклолият ишора мекунад. Хакикатан хам си сол барои таърих мухлати хеле ночиз аст,вале дар ин муддати кутох халки точик бо захмату талошхои шабонарузии фарзанди фарзонаи миллат Эмомали Рахмон тавонист ки ба дастовардхои назаррас ноил гардад. Дар ин муддат Ватани азизамон гул-гул шукуфон гардид.

Бо Пешвои миллат дунёи мо дигар шуд,

Сад шукр ки Точикистон озод аз хатар шуд

Бар дардхои миллат У шуд табиби хозик

Бо амри неки Яздон хуршед чилвагар шуд!

ПАРИНОЗ ХУСРАВЗОДА

Истаравшан.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *