Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: Ваҳдати миллӣ – асосии зиндагонии шоиста

Бешак, Ваҳдати миллӣ – асоси зиндагии босаодат, сарчашмаи шодиву нишот, рушноиву нур ва озодиву ободиву сурур аст. Ваҳдат ин амнияту осоиштагӣ ва суботи ҷомеа аст. Вожаи ” Ваҳдат ” дорои як ҷаҳон маънӣ буда, ҳамдилӣ, ягонагӣ, иттифоқу иттиҳод, ватанпарастиву эҳтироми якпорчагии кишварро ифода мекунад.

Таърих гувоҳ аст, ки мардуми шарафманди тоҷик ба осонӣ ваҳдатро ба даст наоварда ва фарзандони фарзонаи миллат барои расидан ба сулҳу ваҳдат беҳад ҷонбозиҳо кардаанд.

Агар лаҳзае ба солҳои 90- уми қарни гузашта назар кунем, мебинем, ки маҳз бо кӯшишу талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба ваҳдати миллӣ ва сулҳи комил расидем. Кӯшишу ғайрат , ҷидду ҷаҳд, саъю талошҳои Сарвари ғамхору дурандеш бароямон сулҳу ваҳдат, шодию нишотро фароҳам овард. Борҳо аз суханрониашон шунидаем, ки мегуфтанд:

” То нафаси охирин аз Ватан маҷбуран гурехташудагонро ба Ватан барнагардонам, худамро ҳамчун Президент ором ҳис намекунам. “

Ҳамин тариқ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии марди хирадманд – Эмомалӣ Раҳмон дар баробари амалӣ намудани ҳамаи тадбирҳо, ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар ва хомӯш сохтани ҷанги шаҳрвандӣ бо барқарор кардани фаъолияти сохтору мақомоти ҳокимияти давлатӣ шуруъ намуд. Баъди панҷ соли мухолифати мусаллаҳона Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Маскав ба имзо расид.

Хушбахтона, имсол 25 сол мешавад, ки мо ҷашни бузурги миллат – рӯзи ваҳдати миллиро таҷлил менамоем. Бешубҳа, бунёдгузори сулҳу ваҳдат ва истиқлолияти мо, тоҷикони тоҷбарсар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бо заҳмату талошҳои бевоситаи ин абармарди сиёсат мо кунун дар фазои сулҳу субот, вахдат ва истиқлолият зиндагӣ дорем!

Ҳамдиёрони азиз, ҷавонони саодатманди тоҷик, фарзандони фарзонаи миллат якояки шуморо бо фарорасии 25- умин солгарди ҷашни ваҳдати миллӣ аз самими қалб таҳният гуфта, бароятон рӯзгори хушу осуда, саодати умр, нишоту хуррамӣ ва саломатии бардавом таманно дорам.

Бигзор , Сулҳу Ваҳдат ва Истиқлолият дар Ватани азизамон то абад поянда бошад!  Рӯзи ваҳдати миллӣ муборак, ҳамватанони гиромӣ!

ҲОТАМЗОДА АСКАР –

Мудири бахши кор бо ҷавонон

 ва варзиши шаҳри Истаравшан

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *