Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: ВОХӮРИИ СУДМАНД

Бо мақсади иҷрои нақшаи баргузории мулоқот вохӯрӣ бо хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии зинаҳои гуногун бо мақсади пешгирии падидаҳои номатлуб байни наврасон ва ҷавонон аз қабили шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, ҳифзи Ватан ва марзу буми он ва бо ин васила баланд бардоштани ҳисси худогоҳиву хештаншиносии онҳо, ҷалби ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар ва тарғиби либоси миллӣ байни ҷавондухтарон, пешгирии бемориҳои сироятии хавфнок бо хонандагон ва омӯзгорони МТМУ №54, ҷамоати деҳоти Зарҳалол, шаҳраки Истаравшан вохӯри баргузор гардид.

Дар вохӯри мудири бахши ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Беҳрӯз Олимҷонов баромад намуда, қайд намуд, ки бояд ҳар як нафар аз ҷумла наврасону ҷавонон ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдорӣ бирасанд, ифтихор аз давлату миллати хеш кунанд ва баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ ҳар марди бедордил талош варзад.   

Дар фарҷом 10 нафар хонандагони муассисаи мазкур ба ТҶҶ “Созандагони Ватан” аъзо гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *